Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод: "Фаъолиятҳои ҳастаӣ барои як сония ҳам қатъ нахоҳад шуд"


Ирон гуфт, ки барои як сония ҳам фаъолиятҳои ҳастаияшро мутаваққиф нахоҳад кард ва равобити худро бо давлатҳое, ки дар паси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ қарор доранд, ба танзим медарорад.


Раиси ҷумҳурии Ирон Маҳмуди Аҳмадинаҷод гуфт, ки Эрон "онҳоеро фаромӯш нахоҳад кард, ки аз ин қатънома пуштибонӣ карданд" ва ҳамчунон онҳоеро аз ёд намебарорад, ки мухолифи ҷорисозии таҳримҳои шадидтар баромад карданд.


Ҳукумати Ирон гуфт, ки дар навбати аввал домани фаъолиятҳои худро бо Оҷонсии энержии ҳастаии СММ маҳдудтар мекунад. Ҳукумати ин кишвар таҳримҳои нави ҷоришударо ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.


Дар ҳамин ҳол, СММ аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки бо раиси гурӯҳи музокиротии Эрон Алии Лориҷонӣ гуфтугӯҳои боз ва густардаро ба роҳ монад.


Қатъномаи СММ, ки рӯзи шанбе қабул шуд, ҷорисозии таҳримҳои бештарро болои Эрон тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG