Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тире беҳ, ки пире?


коромӯзи Радиои Озодӣ Маҳниа Давронова Шавҳари чандсола мехоҳед? Арӯсатон чанд сол бояд аз шумо хурд бошад? Фарқи синну сол миёни арӯсӯ домод чанд сол бояд бошад? Маҳина Давронова, коромӯзи Радиои Озодӣ микрофон дар даст гирифт ва дар хиёбони марказии Душанбе аз роҳгузарон ба ин суолҳо посух ҷӯё шуд.

Назари ҷинси латиф:

Фарида, 27 сола, коргар: Ба фикри ман, дар зиндагии якҷоя зану мард бояд ҳамсол бошанд, лекин асоси пойдории ҳар як оила аслан ҳамдигарфаҳмӣ аст.

Комила, 25 сола, хонашин: Ба назари ман, мард бояд аз зан ҳафт ё ҳашт сол калон бошад, чунки шавҳари худам аз ман ҳашт сол калон аст ва ӯ маро эҳтиром мекунад, ман низ ӯро ҳамчунин. Лекин инро бояд қайд кунам, ки мо ҳамдигарро дӯст дошта, ду сол қабл оиладор шудем.

Сабрина, 20 сола, донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ: Фарқ миёни зану мард бояд 6 ё 7 сол бошад, аз ин зиёд аллакай пир мешавад. Агар зану мард ҳамсол бошанд, байнашон зиёд баҳс мешавад ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҷанҷол мегардад. Аммо дар ҳоле, ки мард аз зан 6 ё 7 сол калон бошад, ба якдигар гузашт мекунанд. Бинобар ин, агар шавҳар калонтар бошад, ин хеле хуб аст.

Зарнигор, 24 сола, хонашин: Дар ин давру замон фарқ надорад, ҳама ҳамсол мегиранд, хурд аз худ ё калон фарқ надорад. Муҳим он аст ҳамдигарро фаҳманду эҳтиром намоянд.

Фараҳноз, 18 сола, хонашин: Ман фикр мекунам, ки гап дар синну сол нест, гап дар дӯст доштан аст. Ман худам дӯстдошта дорам ва ӯ аз ман як сол хурд аст. Ният дорем, ки дар оянда бо ҳам издивоҷ кунем.

Зӯҳро, 19 сола, хонашин: Ман мехоҳам шавҳари ман 3 ё 4 сол аз ман калон ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ бошад, майхора набошад ва муҳим аз ҳама барои фарзанд падар бошад, ӯро тарбият карда тавонад.

Малика, 16 сола, толибаи мактаб: Бояд се сол зан аз мард хурд бошад. Марде бошад, ки дар зиндагӣ қадри занро донад, ҳурмат кунад, суханони зишт нагӯяд ва оиларо таъмин карда хӯрондаву пӯшонда тавонад.

Рухшона, 26 сола, зан: Ба фикри манн, синну сол фарқ надорад, асосан ишқ аст. Ишқ синну сол сол надорад. Масалан, шавҳари ман аз ман яку ним сол хурд аст. Мо якдигарро дӯст дошта оиладор шудем.

Таҳмина, 21 сола, духтар: Фарқият байни зану шавҳар бояд 3 ё 4 сол бошад, барои он ки ман, ки худ духтури оянда ҳастам, аз нуқтаи назари илми тиб духтар нисбат ба писар рӯҳан ва ҷисман се - чор сол зудтар инкишоф маёбад. Ва ман мехоҳам дар оянда ҳамсаре дошта бошам, ки пеш аз ҳама ман ва хешовандонамро эҳтиром кунад.

Лола, 20 сола, донишҷӯи ДДМТ: Зан аз мард аз 3 то 5 сол хурд ва ё ҳамсол бояд бошад, вале зан аз мард набояд калон бошад, чунки зан назар ба мард зудтар пир мешавад. Инчунин барои оила бунёд сохтан қабл аз ҳама аз ҷиҳати ақлу тамиз ва хирад бояд инсони комил бошад.Ҳурмат кунад занро, модарро.

Фирӯза, 20 сола, донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ: Мард аз зан 5 - 6 сол калонтар бошад ва аз ин зиёд ҳам бошад, ҳамон қадар хубтар, чунки мард назар ба зан зиндагиро дертар сарфаҳм меравад ва агар чӣ қадаре, ки бузургтар бошад, зиндагӣ беҳтар мешавад. Ва марде бошад, ки зиндагиро фаҳмад ва зоҳиран на зебову на безеб, яъне мӯътадил бошад.

Шаҳло, 18 сола, донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ: Ростӣ, намедонам тафовут байни зану мард чанд сол бояд бошад, вале ҳаминро гуфта метавонам, ки маҳбуби ман аз ман 2 сол калон аст ва ду сол қабл бо ҳам шинос шудем, ҳамдигарро дӯст доштем. Агар насиб кунад, рӯзи 14 апрел ҳамхона мешавем.

Ҳилола, 18 сола, хонашин: Мард аз зан 4 сол калон бошад, барои он ки бо чунин фарқияти синну сол мард қадри занро медонад ва дар ин ҳолат зан низ шавҳарашро ҳурмат мекунад.

Барно, 20 сола, хонашин: Барои ман фарқ надорад, чанд солае ки набошад, муҳимаш маро фаҳмад ва падару модари худро ҳурмат кунад.

Фарзона, 17 сола, донишҷӯйи ДДМТ: Ман фикр мекунам, ки ҳар қадар синну сол байни зану мард болотар бошад, хубтар. Масалан, ман мехоҳам 15 сол - 16 сол мард аз ман болотар бошад, барои он ки фикр мекунам агар мард аз зан бузургсолтар бошад, ҳамин қадар метавонад қадри ҳамсарашро донад. Махсусан, дар ҷомеаи мо, ки мардум суннатӣ ҳастанд, духтарҳо зуд ба шавҳар мабароянд, таҷрибаи хуб надоранд , писарҳо ҳам дар 25 солагӣ ҳоло донишгоҳро хатм накарда издивоҷ мекунанд, ин аллакай зуд зуд нофаҳмиҳоро байни зану шавҳар ба вуҷуд меорад. Ақаллан, вақте ки писарони тоҷик мехоҳанд, ба духтарони 17 18 сола издивоҷ кунанд, ақаллан фикр кунанд , ки худашон оё чизеро меденанд, то ин ки баъдан дар зиндагӣ мухолифат байни онҳо, нофаҳмиҳо пайдо нашавад.

Нилуфар, 20 сола, донишҷӯйи ДДМТ: Ман мехоҳам дар синни 23 - 24 ба шавҳар бароям ва мехоҳам, ки шавҳари ман аз ман 3 ё 5 сол калон бошад. Аз ин зиёд фикр мекунам пир аст.

Улфатой, 20 сола, донишҷӯйи ДДМТ: Нисбати фарқияти синну сол байни зану шавҳар ақидаи ман ҳамин аст, ки ман масалан агар 20 сола бошам, мехоҳам, дар оянда шавҳаре кунам, ки 29 ё 30 сола бошад, барои он ки дар ҷомеаи имрӯза мебинем шавҳар аз зан як сол калон аст ва якдигарро намефаҳманд, байнашон зиёд баҳс мешавад, шавҳар ба ҳамсараш мегӯяд, ки мана маро бин, ман ҳоло ҷавонам, худро бин аллакай пир шудаӣ. Вай дарк намекунад, ки зан чӣ дарду машаққат дорад. Агар 7 ё 10 сол мард аз зан калон бошад, хеле хуб аст.

Ганҷина, 19 сола хонашин: Агар 3 ё 4 сол мард аз зан калон бошад, ҳурмат мекунад, қадри занро медонад. Агар зану мард синну соли баробар дошта бошанд, ин хел намешавад. Аммо агар шавҳар аз завҷааш хурд бошад, дар ин ҳол низ онҳо якдигарро эҳтиром мекунанд. Ман худам номзад дорам, ӯ аз ман 4 сол калон аст ва маро эҳтиром мекунад, дигар чӣ даркор.

Замира, 15 сола, хонандаи мактаби миёна: Ба назари манн, 3 сол - 2 сол миёни духтару писар бояд фарқ бошад, калони бад ҳам намешавад. Ва мард бояд боақл бошад ва зоҳиран зебо бошад.

Маҳина, 15 сола, хонандаи мактаби миёна: Хайр, се ё чор сол бояд калон бошад мард аз зан ...Нағз бошад, мефаҳмидагӣ бошад, хондагӣ бошад, дар ҳаёт пастиву баландиро фаҳмад... Мехоҳам, донишгоҳро хатм кунам, диплом гирам, баъд шавҳаре кунам, ки 3 сол аз ман калон бошад.

Наргис, 21 сола, донишҷӯ: Духтар ва писар бояд ҳамсол ва ҳамчунин дӯстдошта бошанд, чунки дӯстдоштаи ман ҳамсоли ман аст ва айни замон ҳамкурс ҳастем ва ният дорем, пас аз хатми донишгоҳ бо ҳам хонадор шавем.

Фотима, 16 сола, хонашин: Умуман, ба фикри ман то 6 сол мард аз зан бузургсол бошад... Хайр, шавҳаре бошад, ки намоз хонад, майхора набошад, ҳаматарафа маро таъмин карда тавонад. Ва чи тавре, ки зан мардро ҳурмату иззат мекунад, мард низ ӯро эҳтиром намояд.

Садбарг, 15 сола, хонандаи мактаби миёна: Тафовут байни зану шавҳар бояд 5 ё 6 сол бошад, чунки зан дар зиндагӣ бисёр душвориҳо мекашад ва зуд пир мешавад, мард бошад, ҷавон мемонад. Аммо вақте ки зан аз шавҳари худ 5 ё 6 сол хурдсолтар бошад, дар ин маврид шояд, ки ҳар дуяшон
баробар мешаванд. Инчунин бояд гӯям, ки нахуст ҳар як шахс бояд хонад, соҳибмаълумот шавад, баъд оила барпо намояд. Ман мебинам, имрӯз духтарони синну соли ман зиёд ба шавҳар мебароянд, онҳо зиндагиро ҳоло дарк намекунанд...

Миҷгона, 15 сола, хонашин: Ба фикрам, бояд шавҳарам 5 сол аз ман калонтар бошад, барои он ки одами калонтар боз боақлтар аст, оиладориро мефаҳмад, мо чӣ, ҳоло кӯдак ҳастем...Марди боақл бошад, марди баномус бошад, хушрӯ бошад.

Назира, 23 сола, хонашин: Ин насибу тақдир аст, дар пешоният чизе ки навишта шуда бошад, ҳамонро мебинӣ. Мана ман шаш сол қабл, яъне соли 2000 бо хоҳиши падару модарам оиладор шудам...Волидон моро хондан намемонанд, зуд ба шавҳар медиҳанд…

Дилором, 21 сола, донишҷӯйи Донишкадаи ҳунарҳои зебо: Духтар бояд аз писар 3 ё 4 сол хурд бошад. Мо имрӯзҳо мебинем, ки бисёр духтарон аз худ хурдро мегиранд, ки ин аз рӯйи ноҳурматист, бо писари аз хурд издивоҷ кардан хоси духтар нест. Ин хоси занони ғарб аст.

Рӯҳафзо, донишҷӯйи соли саввуми ДДМТ: Ба ақидаи ман, агар ки шавҳар аз зан ба ҳисоби миёна 6 сол калон бошад, барои он ки агар мард нисбати зан ҳар қадар ки калонтар бошад, вай зиндагиро беҳтару хубтар медонад ва ба қадри зан мерасад.

Давлатмоҳ, 17 сола, хонандаи мактаби миёна: Ман фикр мекунам, ки шавҳар аз зан бояд аз 5 то 10 сол бузургсол бошад. Ба гуфти як равоншиноси рус, зану мард ҳамон вақт ҷуфти муносибанд, ки агар синну соли мардро ба ду тақсим куниву пас онро ба 7 ҷамъ кунӣ, синну соли беҳтар пайдо мегардад ва дар ин ҳолат зану мард дар зиндагии оилавӣ мувофиқ меоянд ва ҷуфти муносибанд.

Дилафрӯз, 20 сола, оиладор, хонашин: Бояд шавҳар аз зан шаш сол калон бошад, барои он ки чи будани зинадагиро мефаҳмад, оиларо роҳбарӣ карда метавонад. Дар ҷавонӣ ман орзу доштам, ки шавҳарам аз ман 3 сол калон бошад, хайр мана 4 мох мешавад, ки ман оиладорам ва шавҳарам аз ман 6 сол калон аст. Акнун фахмидам, ки одам дар давраҳои ҷавонӣ ҳар чизро орзу мекардааст ва бисёр фикрҳои нодуруст мекунад.

Фариза, 17 сола, хонашин: Шавхар аз зан бояд аз 3 то 5 сол калон бошад, барои он ки ба манн ҳамин хел маъқул аст.

Гулбаҳор, 20 сола, хонашин: Хайр, ман намедонам, калон ҳам бошад, хурд ҳам бошад, аз ҳама муҳим, ҳурмат кунад, иззат кунад. Хӯрондан ҳам тавонад, коргар бошад. Худам то синфи сеюми мактаб хонда волидонам дигар ба ман иҷозати хондан надоданд, барои ҳамин шавҳаре бошад, ки хондагӣ бошад.

Мавзуна, 20 сола, донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ: Ба ақидаи ман, зан аз мард бояд чор сол хурд бошад, барои он ки масалан агар ҷавон ҳамсоли ман бошад, ӯ ба қадри ман расида наметавонад ва ҳоло ҷавон аст ва аз маишати зиндагӣ сер нашудааст ва мехоҳанд. ки ҷавониашонро гузаронанд. Аз ин рӯ, ман мехоҳам, ки шавҳари ояндаам аз ман 4 сол калон бошад.

Таҳмина, 15 сола, хонандаи мактаби миёна: Ба фикри ман, духтар бояд худаш муайян кунад, ки бо писаре, ки шинос мешавад, бояд чанд сол аз худаш калон бошад. Масалан, баъзеҳо аз худ се сол калонро мегиранд. Баъзеҳо агар сиину солашон баробар бошад, мегӯянд, ки эээ вай беақл будааст. Барои ҳамин, духтар худаш интихоб мекунад. Ман мехоҳам шавҳарам аз ман 3 сол калон бошад, барои он ки ақли ҷавоне, ки аз ман се сол калон аст, мувофиқат мекунад.

Дилафрӯз, 15 сола, хонандаи мактаби миёна: Гап дар синну сол сол нест, ин монеа шудан наметавонад. Вақте ки дӯст медорӣ, намегӯи, ки ӯ чанд сола аст.

Баҳор, 15 сола, толибаи мактаб: Ман фикр дорам, ки синну соли зану мард бояд баробар бошад ё ин ки аз як ё ду сол набояд зиёд бошад.
XS
SM
MD
LG