Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико, Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ


ёвари вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Ричорд Баучер - Эҳтимоли ҳамлаи баҳории Толибон дар Афғонистон, - равобити Амрико ва Ӯзбакистон, - барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон, - ду сол пас аз инқилоби ранга дар Қирғизистон - ояндаи Осиёи Марказӣ.

Иёлоти Муттаҳида дар баробари ҳамлаи баҳории Толибон, ки зиёд матраҳ мешавад, чи нақша дорад ва оё метавон гуфт, Толибон дар ҷанги равонӣ пирӯз шудаанд?

"Ман фикр мекунам, аввалин чизе ки бояд дар ёд дошт, ин аст, ки раванди асосӣ дар Афғонистон ба шеваи хуб рӯ ба роҳ аст. Яъне идораи густарда ба даст омадааст. Артиш ба сатҳе расидааст, ки метавонад ба мардум хидмат ва кӯмак кунад. Ва ин раванд хуб пеш меравад. Ҳамчунин дар қиёс бо баҳори соли гузашта мо дар баробари бурузи эҳтимолии даргириҳо омодагии беҳтаре дорем. Толибон бо чизҳои зиёде таҳдид мекунанд, аз ҷумла бамгузориҳои худкушона, ки ваҳшатноканд. Вале, росташ, мо натавонистам, шаҳристону деҳот ва минтақаҳоро зери назорат бигирем ва ин ҳолат ба онҳо кӯмак кард, то кӯдакони мактабӣ ва кормандони полис, намояндагони ҳукумат ва шаҳрвандони оддиро дар кӯчаву бозор ҳадаф қарор диҳанд. Дар ниҳояти кор, ба фикри ман, раванд идома дорад, ҳукумат васеътар мешавад ва толибон аз ҳар ҷиҳат ошкоро зери фишоранд, аз ҷумла аз тарафи Покистон низ ва ин аст, вазъе ки мо мувоҷеҳ ҳастем. Нақшаи мо ба мардуми Афғонистон додани амнияту адолат ва имкониятҳоест, ки онҳо мехоҳанд."

Яъне Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки Толибон дар ҷанги равонӣ пирӯз намешаванд?

"Онҳо тавонистанд, таваҷҷӯҳи матбуотро ба худ ҷалб кунанд. Онҳое ба ҷойҳое расиданд, ки метавонанд, наворҳои видео гиранд ва ё аз телефонҳои ҳамроҳ сӯҳбат кунанд. Бадбахтона, таваҷҷӯҳро онҳо бо куштори одамони бегуноҳ ба даст оварданд. Аммо даст ёфтани онҳо ба саҳифаҳои аввали нашрияҳо ба маънои дарёфти пуштибонии оммавӣ нест. Ҳама чиз баёнгари ин аст, ки ҳукумат пуштибонии ом дорад, чун метавонад ба мардум хадамоти мавриди ниёзро пешкаш кунад. Ҳукумат ин қудратро дорад, на Толибон ба ҳеч роҳе."

Ҳарчанд Шумо манофеъи муштараки Амрико ва ҳукумати Ӯзбакистонро шарҳ додаед, суол ин аст, ки чаро, ба андешаи Шумо, Тошканд, кӯшиш мекунад, Иёлоти муттаҳидаро дар як фосилаи дастрас нигаҳ дорад? Чи мушкил аст, ки нашавад, девори беэътимодиро фурӯ резонд ва ҳалли амалӣ пайдо кард?

"Ман намехоҳам, дар бобати муносибати ҳукумати Ӯзбакистон ҳадсу тахмин занам. Онҳо ба мо гуфтанд, ки мехоҳанд, муносибат дошта бошанд. Муносибатҳои комил дар риштаҳои амният, маъориф, беҳдошт, иқтисодиёт ва ислоҳоти сиёсӣ -- ҳама чизе ки солҳост, дар баёнияҳои муштараки мо зикр мегардад. Мо гуфтем, низ хоҳони чунин муносибатҳо ҳастем. Масъала ин аст, ки онҳо барои ҳамагон бунёди чунин муносибатҳоро мушкил кардаанд, ҳам барои ҳамсоягони худ бо қатъи интиқоли нирӯи барқ, газ, додуситади тиҷоратӣ ва монанди инҳо, ҳам барои кишварҳое мисли мо, ки дуртарем, бо фишорашон ба ширкатҳо ва созмонҳои ғайридавлатие, ки мехоҳанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Шеваи амалии кор дар Ӯзбакистон ба ин маънист, ки бунёди муносибатҳои фарогир, яъне ончи мо низ мехоҳем, хеле сахт аст. Мо корҳои мумкин ва муфиде мекунем, вале онҳо фақат коре мекунанд, ки ҳамкориро барои мо ва бисёр дигарон хеле ва хеле мушкил месозад. Сахт аст, зеро онҳо ҳамаи оҷонсӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро бастаанд. Сафари мардум ба хориҷ барои таҳсил маҳдуд аст. Якбора хеле душвориҳои зиёде ба рӯи роҳ пошида шудааст."

Шумо ба бархӯрди Ӯзбакистон бо ҳамсоягонаш ишора кардед. Яке аз ҳамсоягон, ки шояд бештар аз ҳамаи дигарон машаққати чунин бархӯрдро мекашад, Тоҷикистон аст. Ва ахиран Русия сохтмони калонтарин пирӯгоҳи барқи обиро дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон ба таъхир гузоштааст. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон бо Афғонистон ва Покистон дар бораи интиқоли нирӯи барқ ба ин кишварҳо қарордод бастааст. Оё Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳида нақша доранд, ки дар бунёди ин нирӯгоҳ ба Тоҷикистон кӯмак кунанд?

"Ман гумон намекунам, сӯҳбат танҳо аз як лоиҳаи ҷудогона бошад. Ва мутмаъинам, дигар сармоягузорон низ ҳастанд, ки ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд, дастандаркори он бошанд. Вале мо, албатта, аз рушди соҳаи барқи обии Тоҷикистон ҳимоят мекунем ва дар самтҳои гуногун бо онҳо ҳамкорӣ дорем, ки битавонанд, ин саноатро зимни талаботи бозор рушд диҳанд. Мо ҳамчунин ҳамаи умури мумкинро мекунем, то дар ташкили хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ба ҷануб, Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон кӯмак кунем. Мо бо онҳо дар ин ришта хеле кор кардем ва барқи обӣ сарвати дарозмуддати Тоҷикистон аст. Ва агар як сармоягузор натавонист расидагӣ кунад, бояд имкониятҳои озоде бошанд, ки дигарон корҳои заруриро ба анҷом расонанд."

Ташаккур ва оё то кадом ҳад Амрико нақша дорад аз талошҳои ислоҳот дар Қирғизистон пуштибонӣ кунад? Ин масъалаи муҳим аст, зеро Русия ва Чин кӯшиш доранд, нуфузи худро дар Қирғизистон густариш диҳанд.

"Мо ҳамеша аз пуштибонони таҳаввулоти демократӣ дар Қирғизистон ва ҳамаи Осиёи Марказӣ будем. Ба фикри мо, ин беҳтарин роҳи эътидоли минтақа дар дарозмуддат аст. Дар як соли гузашта ё бештар, Қирғизистон дар гирдоби нооромиҳои зиёди сиёсӣ буд ва росташ, манфиати мо, чӣ тавр инро дуруст бигӯям, дар поёни онҳо нест. Талошҳои мо ин аст, ки онҳо битавонанд қонуни нави асосии худро такмил кунанд ва як низоми устувори сиёсӣ бисозанд, ҳамеша баҳсҳои солими демократӣ дошта бошанд, вале ҳамчунин як навъ эътидоли демократӣ ҳам дошта бошанд, бо василаи интихоботҳо ва мақомоти мунтахаби худ. Вале ҳамчунин додгоҳу додгустарии мустақил дошта бошанд ва муқовимати устувори зидди коррупсия. Ҳамаи ин хиштҳое ҳастанд, ки бинои пойдору дарозмуддати демокросиро ташкил медиҳанд. Мо кӯшиш дорем, дар ин роҳ ба онҳо кӯмак кунем."

Ниҳоят, оё шумо дар бобати ояндаи кишварҳои собиқ шӯравии ОМ бар изофаи Афғонистон чи назар доред, то куҷо хушбин ҳастед, ки онҳо аъзои комил ва босуботи ҷомеаи байнулмилалӣ мешаванд?

"Ман саршор аз умедам. Мо ба Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи имкониятҳои нав менигарем. Ва Афғонистон ҳамчун бахше аз он, як Афғонистони боз, ором ва аз лиҳози иқтисодӣ худкифо як пуле барои ин минтақа хоҳад буд, дарвозаҳои минтақа, то онҳо битавонанд, равобитро на танҳо бо шимол, бо ғарбу шарқ, бо аврупо, Чину Русия, балки ҳамчунин бо Ҳинду Покистон густариш диҳанд ва дарвоқеъ ба обҳои ҷанубӣ роҳ ёбанд. Афғонистон метавонад, ин имконро фароҳам орад. Ва ман фикр мекунам, бисёр имкониятҳои наве барои мардумони худи минтақа боз мешаванд. Ва ончи мо талош дорем, мехоҳем бо ҳукуматҳо ҳамкорӣ кунем, то ислоҳоти зарурии иқтисодӣ пеш равад ва мардум самараи ин имкониятҳоро бубинанд."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG