Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неъматулло Асронқулов - соҳиби мошини "Жигули-07"


Неъматуллопаҳлавон нахустин рақобати худро бо Икромпаҳлавон аз Узбакистон мусовӣ анҷом дод ва барои дарёфти шоҳҷоиза бар паҳлавони дигари узбак Давлат Чориев дастболо шуд. Зимнан, Давлатпаҳлавон пеш аз сабқати ниҳоӣ гуштигири тоҷик Парвиз Собировро мағлуб сохт, вале дувумин рақобати ӯ бо гуштигири дигари тоҷик Шералӣ Бозоров мусовӣ шуд.

Ва як хабари дигар. Дар ҳоле ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шогирдони макотиби варзишии кишвар барои дарёфти ҷавоизи Наврӯзӣ дар дави майдонӣ рақобат мекунанд, ду нафар давандаҳои маъруфи кишвар - Аҷмал Амиров ва Маҳмуд Зарифов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар давлати Кения ширкат доранд.

Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба радиои Озодӣ гуфт: «Аҷмал Амиров дар давидан ба масофаи 12 километр ва Маҳмуд Зарифов дар давидан ба масофаи 8 километр бо беҳтарин давандаҳои кишварҳои мухталифи дунё рақобат мекунанд.»

Ва хабари охирин. Рӯзи шанбеи 24 март мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати 12 дастаи лигаи олӣ оғоз шуда, се бозӣ байни тимҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Энергетик»-и Душанбе ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «ХИМА»-и Душанбе ва «Саройкамар»-и Панҷ сурат мегирад. Рӯзи якшанбеи 25 март «Ориёно»-и Душанбе бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат мекунанд. Охирин бозии нахустин даври мусобиқот рӯзи 27 март миёни дастаҳои CSKA «Помир»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Данғара барпо мегардад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG