Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё Шумо бо мушкили телефон рӯбарӯед?


Салому алейкум, халқи тоҷик.

Эй бовар кунед, девона шудам аз телефон кардана. Аввлаш, ки бисёр қимат аст, баъд фаҳмидем, ки телефон вайрон будааст. Аз дасти телефони Тоҷикистон мо ҳама вайрон шудем. Очаам телефони дастӣ надорад, ки ҳамроҳаш гап занам. Ба ҳар ҳол шукр мегӯям ва ба ҳамаи шумо тавсия медиҳам, ки ба www.freecall.com обуна шуда, ба Тоҷикистон телефон кунед, бисёр ҳам арзон аст.
Саломат бошед.

Ҷовидон
-------------------------------------
Бо дуруд!

Ба ростӣ, ман фикр мекардам, ки телефони хонагии мо дар Тоҷикистон хароб аст ва ҳоло фаҳмидам, ки дар кулли Тоҷикистон ин аҳвол аст.

Аз телефон ширкатҳо дар Тоҷикистон даромади хеле зиёд ба даст меоранд, аммо барои сармоягузорӣ ва модерн кардани хадамоти мухобирот фикр намекунанд. Танҳо ғами ҷайби худро доранду халос.

Кова
--------------------------------------
Салом арз мекунам ба ҳама ҳамватанон ва дар ин рӯзҳои наврӯзӣ ба ҳамаатон иди суннатии мардуми форсро табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон тамоми хушиҳои оламро таманно мекунам.

Имрӯз ки шумо ин барномаи хеле ҷолибро пешкаш кардед, ман фикри худамро нисбати мавзӯъ чунин иброз медорам. Дуруст аст, ки имрӯз ҳангоме ки ба Тоҷикистон занг мезанед садо бисёр безеб, хирроскунон меояд. Ман намедонам, чаро ин гуна садо маҳз дар хатти Тоҷикистон аст.

Ман бештар ба Русия ва Эрон занг мезанам, чунин садои бад дар хатти онҳо нест. Ин садо овози одамро бисёр гӯшхарош мекунад. Шояд дар оянда Вазорати алоқаи Тоҷикистон ин нуқсро бартараф созад?

Мусофирбача





Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG