Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш фарорасии Наврӯзро табрик гуфт


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар паёме Наврӯзро ба мардумоне, ки ин идро таҷлил мекунанд, табрик гуфтааст.


Дар паёми Ҷорҷ Буш омадааст, Наврӯз замони вижае барои шукргузорӣ ва ҷашн аст, замонест барои миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон, барои касоне, ки мероси фарҳангиашонро аз Ирону Ироқ, Афғонистону Туркия, Покистону Ҳинд ва Осиёи Миёна меёбанд.


Дар баёнияи Ҷорҷ Буш омадааст, ки рӯзи Наврӯз барои ҳазорон сол фурсате будааст, то хонаводаҳову дӯстону наздикон гирди ҳам оянд ва нигоҳе ба соли гузашта андохта ва бо нигоҳи ҷадид ба соли оянда умедвор бошанд.
XS
SM
MD
LG