Пайвандҳои дастрасӣ

Аз вуруди Амрико ба Ироқ чаҳор сол гузашт


Аз вуруди нируҳои эътилофӣ ба Ироқ зери фармондеҳии Амрико дуруст чаҳор сол гузашт. Дар рузи чаҳорумин солгарди вуруди ин нируҳо Таҳо Ёсин Рамадан-муовини раиси ҷумҳури Ироқ, яъне муовини Саддом Ҳусейн барои аъмоли зиддибашараиш ба дор кашида шуд. Билофосила баъд аз эъдоми вай дар натиҷаи ҳамлае дар Бағдод шаш нафар ба ҳалокат расид.


Дар ҳамин ҳол, нируҳои Бритонё дар Басра дар ин рузи солгард пойгоҳи аслии ҷануби Ироқро дар ихтиёри нируҳои Ироқӣ гузоштанд. Ин кор дар чаҳорчубаи хуруҷи тадриҷии нируҳои Бритонё аз Ироқ анҷом гирифт. Ин пойгоҳ то ҳол ситоди нируҳои Бритонё дар Ироқ дониста мешуд.


Расонаҳои гуруҳӣ дар остонаи солгарди вуруди нируҳои байналмилалӣ ба Ироқ пажуҳишҳо ва назархоҳиҳо анҷом додаанд. Бино ба ин гузоришҳо, дар чаҳор соли ҷанг дастикам 60 ҳазор ироқӣ ва 3 ҳазору 200 сарбози амрикоӣ дар зудухурдҳо кушта шудаанд. Бино ба маълумоти Кумисарёи Олии СММ дар умури муҳоҷирин дар ин муддат 2 милён ироқӣ кишварашонро тарк кардаанд ва як милёну 800 ҳазори дигар дар дохили кишвар аз маҳали иқомати худ ба ҷои дигар куч кардаанд, ки беҷошудагони дохилии ҷанг ҳисоб мешаванд.


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар робита бо чаҳорумин солгарди вуруди нируҳо ба Ироқ гуфт, хуруҷи нируҳо аз Ироқ пайомадҳои дилхоҳ нахоҳад дошт.


Аммо назархоҳиҳои ахири телвизюни Си Эн Эн-и Амрико нишон медиҳад, ки шумораи ҷонибдорони ҷанги зидди Ироқ дар Амрико коҳиш ёфтааст ва ҳоло 32 дарсадро ташкил медиҳад. Назархоҳии дигаре, ки Би Би Си, Эй Би Си ва телвизюни олмонии Эй Ар Ди муштаракан дар Ироқ анҷом додаанд, ҳокӣ аз он аст, ки аз ҳар панҷ ироқӣ чаҳор нафараш гуфтаанд, ҳузури нируҳои Амрико дар Ироқ амниятро дар ин кишвар на беҳтар, балки бадтар мекунад.


Аммо Ҷон Ҳовард-назуствазири Остролиё баъд аз боздидаш аз Бағдод-пойтахти Ироқ гуфтааст, вай ба комёбӣ дар Ироқ бовар дорад. Ҳоло ҳудуди як ҳазору чаҳорсад нафар аз нируҳои Остролиё дар Ироқ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG