Пайвандҳои дастрасӣ

ҲСДТ роҳи алтернативии рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешниҳод дорад


sf

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барномаи алтернативии стратежии рушди Тоҷикистон то соли 2015 - ро таҳия кардааст ва қарор аст, дар рӯзҳои наздик онро ба ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва қабул пешниҳод намояд.


Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ дар робита ба ин барнома ба радиои Озодӣ гуфт, чанде аз масоили муҳим, ки дар барномаи давлатии рушди Тоҷикистон инъикос наёфтааст, заруратеро ба миён овард, ки аз ҷониби ҳизби онҳо чунин як барномаи алтернативии фарогири умдатарин масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеъа таҳийя ва пешниҳод карда шавад. Ҷаноби Зоиров таъкид кард, ки барномаи алтернативии рушди Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҲСДТ таҳия шудааст, аз чанд ҷиҳат аз барномаи давлатии стратегияи рушди Тоҷикистон бартарӣ доштааст ва татбиқи он дар кишвар метавонад, такони ҷиддие бубахшад дар бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеъа.


Яке аз бобҳои муҳими барномаи алтернативии стратегияи Тоҷикистон то соли 2015, дурнамо ва тарҳрезии ислоҳоти сохтори идорӣ, мутамарказонидани моликият ва пул, низоми бонкиву қарздиҳӣ, сиёсати андозу буҷа будааст. Раҳматулло Зоиров гуфт, дар миёнаҳои моҳи апрел матни ин барнома ба муҳокимаи мардуми Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Ва имкон дорад, дар таърихи панҷуми июн тарҳи пурраи ва комили барнома ба ҳукумат ва порлумон пешниҳод шавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG