Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайри Наврӯз дар Русия


Абдулло Давлатов ҳамчунин хабар дод, ки рузи 24 март ҳам дар Намоишгоҳи марказии Маскав ҷашни Наврӯз баргузор мешавад. Ин ҷашн бо ибтикори ҳукумати шаҳри Маскав барпо мегардад ва дар он намояндагони 10 миллат, аз ҷумла тоҷикон, ирониҳо, афғонистониҳо, озарбойҷонҳо ширкат хоҳанд кард.

Ҳукумати шаҳри Маскав соли гузашта барои нахустин бор Наврӯзро бошукӯҳ таҷлил кард.

Дар пойтахти Тотористон, шаҳри Қазон ҳам охирин омодагиҳо барои таҷлили навруз анҷом ёфтааст. Бино ба хабари идораи фарҳанги шаҳрдории Қазон, сайри наврузӣ рузи 21 март бо ширкати овозхонҳои маъруф ва дастаҳои ҳунарии мардумӣ мегузарад.

Лозим ба ёдоварист, ки Наврӯз барои қавмҳои иронитабори Русия осетинҳо, курдҳо, толишҳо ва тотҳо ҷашни суннатист, ва аммо русҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо ба Наврӯз пас аз вуруди густурдаи муҳоҷирони тоҷик, афғон ва дигар мардумони Осиёи Миёнаву Қафқоз ошноии бештар пайдо кардаанд.

Ҷомеъаи муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия дар 64 созмон гирди ҳам омадаанд, ҳарсола Наврӯзро бо ширкати мардумони бумии Русия таҷлил мекунанд ва ин ҷашн ба онҳо писанд омадааст. Раиси созмони тоҷикони муқими вилояти Рязан Азим Махсумов мегӯяд, Наврӯзро рузи 21 март бо ширкати шаҳрдорӣ ва бо ҳузури беш аз 1 ҳазор меҳмон таҷлил хоҳем кард

Муҳоҷирони тоҷики муқими бахши аврупоии Русия Наврӯзро дар моҳи март, ба ҳангоми эътидоли баҳории шабу руз таҷил мекунанд, ҳарчанд ҳаво сард аст ва буйи баҳор надорад , аммо муҳоҷирони тоҷики муқими бахши сибирии Русия Наврузро моҳи аввали тобистон, ба ҳангоми шукуфтани гулҳо , бо номи иди «Гули лола» ҷашн мегиранд.
XS
SM
MD
LG