Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори президенти Тоҷикистон бо зиёиён


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти солонаи худ бо зиёиёни кишвар гуфтааст, ки соли ояндаро ба унвони соли фарҳанг эълом хоҳад дошт. Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз коҳиши ахлоқи ҷомеа, ҳифзи фарҳанг ва боварҳо ва ҳуввияти миллӣ дар баробари мавҷи азими ҷаҳонишавӣ ва табдил шудани дунё ба як деҳкадаи ба истилоҳ воҳид унвон шудааст.


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони зиёии кишвар ҳамасола дар остонаи ҷашни Навруз доир мешавад. Мулоқот имсол бо ҷамъи камтаре аз зиёин доир шудааст. Ба ин мулоқот умдатан зиёиён ва рузноманигорони ҳаводори давлат даъват шудаанд. Ҷонибеки Акобир, сардабири маҷалаи адабиёти Тоҷикистон «Садои шарқ» аз ширкаткунандагони ин мулоқот гуфт, ин иқдом барои ҳифзи ҳуввияти миллии мо, тарбияи ахлоқи ҷомеа ва ҳунармандон ошонии бештар ба гузашта бисёр муҳим аст. Зимни ин мулоқот ҳамчунин раиси ҷумҳур ваъда супурдааст, ки як мулоқоте чунин бо рузноманигорни тоҷик хоҳад дошт. Аммо бояд гуфт, ки чунин ваъдаро оғои Раҳмонов дар соли гузашта зимни мулоқот бо бонувони кишвар низ дар ҳамин айём супурда буд, ки амалӣ нашуд.


Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, чунин навъи мулоқот ба камтар ба дарди ҷомеаи имрӯз мегунаҷад ва ин иқдомро беҳтар аст, на мулоқот балки суханронии раиси ҷумҳур дар ҷамъи зиёиён номид. Зеро ширкаткунандагони ин мулоқот имкон ва ҷуръати сӯҳбат бо раиси ҷумҳурро надоранд. Ба гуфтаи оғои Кабирӣ, қишри рӯшанфикр ё зиёии Тоҷикситон феълан як қишри бар асри бархӯрдҳои дохилӣ шикастхӯрда ва бо тафаккури вомондааст, ва давлат бояд барои шакл гирифтани насли нави зиёигарӣ мусоидат кунад.


Аммо чизе бештар ҷолиб барои ширкатдорони ин маҳфил, ки аксаран шоир ва нависанда буданд, ин аст, ки раиси ҷумҳур ваъда супурд, дар чаҳорчӯби таҷлил аз соли фарҳанг осори бештари онҳоро ба табъ хоҳад расонид. Амре, ки худи нависандагон ва шоирони тоҷик барои анҷоми он ба далели надоштани пул ва ё хонанда надоштани китобҳояшон маҳруманд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG