Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Суғд


МИ

Ҷашни Наврӯзро қабл аз рӯзи фарорасии он нахуст мактабиёни Суғд ҳамзамон бо оғози таътили баҳории худ истиқбол мегиранд. Бо баргузор кардани маҳфилу нишаст ва намоишу таронахониҳои наврӯзӣ. Дар маркази устони Суғд овезаҳо бо муборакбодӣ ва байтҳои наврӯзӣ дар сари роҳҳо ва девори биноҳо омадани ин ҷашни бузургро ба ёди кас меандозад. Ва чеҳраҳои одамон аз рӯзҳои дигар гармтару дурахшонтар ба назар мерасад. Эҳтимол бо ёди он ки акнун зимистони дурударози имсола бо сардиву торикиву бебарқиву бегазиаш хотима ёфт ва инак, ба таъбири сокинони Суғд, дигарбора аз кулбаҳои худ ба рӯзу рӯшноӣ мебароем. Ва ин дилгармиву умедворӣ аз баҳори нав ва соли нави ниёгонро сокинони Суғд дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ изҳор медоштанд.


Аммо таҷлили асосии Наврӯз дар рӯзи 21 - уми март дар маркази устони Суғд, дар варзишгоҳи асосии Хуҷанд сурат мегирад. Ин варзишгоҳ 10 ҳазор ҷои нишаст дорад ва дар он ҷо ҳунарнамоиву консертҳои идона бо ширкати ситораҳои ҳунарӣ ва варзишгарони устон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар рӯзи бисту якуми март дар тамоми марказҳои шаҳру навоҳии Суғд низ Наврӯз ҳамин гуна ҷашн гирифта мешавад.


Тавре ки маркази хабарии ҳукумати Суғд мегӯяд, ҷашни Наврӯз дар шаҳру навоҳии устони Суғд чаҳор рӯз, аз рӯзи сешанбеи 21 - уми март то рӯзи шанбеи 24 - уми март, бо баргузории намоишу ҳунарнамоиву консертҳо, мусобиқаҳои варзиши миллӣ ва мусобиқаҳои аспдавониву бузкашӣ таҷлил мешавад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG