Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбоққаҳои дурӯғгӯй


Мисол оварда шудааст, ки қурбоққаҳо вақ-вақ мекунанду бо вақ-вақи худ фиребгарӣ. Ҳар чӣ қадар садои қурбоққа маҳину нозук бошад, ҳамон андоза ӯ бузургҷуссаву паҳлавоннамо будааст. Садои нозуки қурбоққаҳо маънои онро доштааст, ки «ҳон, манам Рустами Дастон, наё ба хонаи ман, ки мешканамат бозуву миён...»

Вале на ҳама қурбоққаҳо сидқан рафтор мекардаанд. Баъзе онҳо, махсус ва бардурӯғ садои пасту маҳину нозук мебаровардаанд, то ҳамнамоҳои дигарашонро тарс бидиҳанд, ки тарафи «территория»-и ӯ наздик наояд.

Як намуди шапалаки безаҳр тӯли солҳои таҳаввул парҳое монанди парҳои шапалакҳои заҳрдорро доро шудааст. Ва ин аст, ки ҳар гоҳе паррандае аз ҳаво ин зебосанами хурдакакро бинад агар, заҳрнок аст гуфта ба хӯрданаш шитоб намекунад ва шапалак бошад мегардаду мепарад бепарво.

Пажӯҳишгар Стивен Новиски ва яке аз фошкунандаҳои найрангҳои ҷонварон ба муоширати одамон ишора мекунаду мегӯяд, ки саропову саросар аз фиребу дурӯғ иборат аст. Профессор Новиски мегӯяд, ӯ ва ҳампешаҳои ӯ аввалҳо ҳеҷ намефаҳмиданд, ки чаро хазандагону даррандагону паррандагону чаррандагон ҳарчанд медонанд, ки фалон амалу рафтор метавонад дуруӯғин бошаду найранге беш набошад, вале боз ҳам ба он эътимод мебанданду бовар мекунанду метарсанду мегурезанд?

Агар олимона карда гӯем, найранг эътимодро мешиканад. Аммо чаро, масалан, қурбоққа ҳамоно бовар дорад, ки садои нозуки мешунидааш садои ягон «боксер» аст?

Пажӯҳишгарон мегӯянд, эҳтимолан, сабаб он аст, ки дар дунёи ҷонварон сиёсати ростгӯиву ростқавлӣ сиёсати дурусте нест ва худдорӣ кардан аз роҳу равиши каҷи зиндагӣ метавонад ин гуна ҷонвари зоҳиду покро ба чоҳи торик бибараду даҳону бинияшро зада каҷу килеб кунанд.

Олимон мегӯянд, омӯзиши чунин нозукиҳои равони ҷонварон ба аксари суолҳое дар мавриди муоширати байни одамон посух медиҳад. Стивен Эллнер аз донишгоҳи Корнел гуфтааст, олимон низ ба ҳини пажӯҳишот аз найрангҳо истифода бурдаанд ва ҷонварон ба осонӣ ба ин найрангҳо фирефта шудаанд. Олимон танҳо бо ҳадафи илмӣ бо роҳи найранг рафтаанд вале барои онҳое, ки бо аҳдофи дигар аз найранг кор мегиранд, ҷаҳон имконоте бо марзҳои кушода фароҳам меорад.

Баъзе паррандаҳо, масалан, бо овози махсусе «ҳамқабилаҳо»-и худро аз наздик омадани душман хабар медиҳанд. Баъзан вақти дигар, айнан ҳамин бонги хатарро паррандаҳо бардурӯғ мебардоранд, то ин ки боз ҳам ҳамон «ҳамқабилаҳо»-ро гурезонанду ғизое, ки дидаанд, танҳо моли худашон шавад. Акнун, тасаввур кунед, паррандае, ки фиреб мекунад, бештар мехӯрад, солимтар аст, фарзандони бештар ба дунё меорад, ба фарзандонаш бештар таом дода метавонад ва хонадони ӯ дарозумртару қавитар мегардад. Яъне, ба истилоҳи одамӣ гӯем, оне, ки фиреб мекунад, шикамаш сер ва кисааш пур аст.

Мантиқан, вақте аз ин гуна найранг ҳама бохабаранд, бояд ки дигар ба он камтар эътимод бандад. Яке аз мақсадҳои пажӯҳишгарон он будааст, ки ростқавлӣ дар муқобили найранг чӣ бартарие метавонад дошта бошад? Яъне, чаро ҷонварон бояд ки дурӯғ нагӯянд? Амос Сехави, донишманди исроилӣ гуфтааст, ба ҳар навъ, садоқат аз найрангбозӣ бартариҳое бояд дошта бошад ва олим барои тадқиқи ин бартариҳои садоқат бар найранг таҷрибаҳое гузаронидааст.

Масалан, хурӯс бо тоҷи бузургу сурхи худ таваҷҷӯҳи «ҷинси латиф», хонум мурғро ба худ мекашад. Яъне, ҳар қадар андозаи тоҷ калону рангаш сурхтар бошад, ҳамон қадар хурӯс солимтар аст ва аз он чуҷаларими солимтар ба дунё меоянд. Аз рӯи назария, хурӯси «беҷонак» наметавонад, ки ба андозаи хурӯс-паҳлавон тоҷи «заррин»-ашро боло бардорад.

Вале ба ҳар ҳол, доктор Керн Рив аз Донишгоҳи Корнел мегӯяд, дар ҷаҳони вуҳуш ҳодисаҳои найранг хелеву хеле ва ҳатто ба андозаи қобили тааҷҷуб зиёд «ба қайд» гирифта мешаванд.

Ва ҳамакнун, олимон найранг дар ҷаҳони одамонро меомӯзанд.
XS
SM
MD
LG