Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масҷидҳои Душанбе: Фаъолияти ғайриқонунӣ ва ё ангезаи сиёсӣ?


Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе гуфт, аксари масоҷиди фаъол дар пойтахт ба меъёрҳои меъморию беҳдоштӣ мутобиқат намекунанд.

Қаблан, баробари рӯйи кор омадани ҳукумати Раҳмонов мақомоти Тоҷикистон пахти азон тариқи баландгӯро дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар манъ карданд. Тайи ду соли ахир ширкати занон, кӯдакон ва наврасон дар намози ҷумъа низ аз сӯйи ниҳодҳои амниятии кишвар мамнӯъ эълон шуд. То ба ҳол, кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар дар масоҷиди ҷомеъи Душанбе гоҳ гоҳ пайдо ва кӯдакону наврасонро аз ворид шудан ба масоҷид манъ мекунанд.

Бастани масоҷид норизоиятии иддае аз мардумро ба вуҷуд овардааст. Як пирамарди сокини ноҳияи Синои пойтахт мегӯяд, дар масҷиди маҳаллаи онҳо танҳо мӯйсафедон намоз мегузоранд ва ҳоло онҳо ҷойи намозгузорӣ надоранд.

Бобои Карим, низ аз сокинони ноҳияи Сино мегӯяд, масҷиди маҳаллаи онҳо на фақат маҳалли намозгузорӣ, балки ҷои ҷамъиятӣ аст ва маъракаҳо низ он ҷо мегузаранд.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Ҳалимов, яке аз имом-хатибони шаҳри Душанбе бар он аст, ки тасмими ҳукумат дар мавриди бастани масоҷид иштибоҳи маҳз аст, зеро мардуми тоҷик мусулмон аст ва намоз гузоштан барои ҳар як мусулмон фарз аст.

Аммо дар сӯҳбати бидуни микрофон як идда аз шаҳриёни Душанбе изҳор доштанд, ки масоҷиди зиёд дар шаҳр зарурат надорад. Онҳо мегӯянд, дар ҳоли набудани макотиб ва устодони варзидаи улуми динӣ ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро майл пайдо мекунанд.
XS
SM
MD
LG