Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳорумин солгарди ҷанг дар Ироқ


Шаби 20-уми марти соли 2004 вай дар рӯи сафҳаи телевизион зуҳур кард ва гуфт, бо фармони ӯ, нирӯҳои эътилофӣ ба аҳдофи муҳими низомӣ дар Ироқ зарба мезананд, то тавонмандии Саддом Ҳусейн дар пешбурди ҷанг тахриб гардад.

Сипас телевизионҳо осмони Бағдодро нишон доданд, ки аз шаъшаъаи тиру мушак ва таркиши бомбаҳо рӯшан мешуд. Ҳамин гуна ҷанге оғоз ёфт дар ибтидои садаи бистуяк.

Ба зудӣ, пас аз як марҳилаи ҳамлаҳои ҳавоӣ нирӯҳои ИМ ва Бритониё аз марзи Кувайт гузашта ба Ироқ ҳуҷум оварданд.

Дар се ҳафтаи баъдӣ нирӯҳои эътилоф ба Бағдод расиданд ва дар вожгунии ҳайкалҳои диктотури ироқӣ ширкат карданд. Ин дар даҳаи аввали моҳи апрел буд ва моҳи декабр худи Саддом Ҳусейн боздошт шудаву дертар дар поёни соли гузашта ба қатл расид:

"Сарнавишти Саддом ва ёварони ӯ сабақест ба ҳамагон. Ҳамаи золимон, қатъи назар аз он ки чӣ қадар мутакаббиранд, имрӯз ва дар оянда сазои худро аз дасти ҷабрдидагонашон хоҳанд гирифт."

Ин садои Абдулазиз ал Ҳаким буд, раҳбари бонуфузтарин эътилофи шиъагон дар ҳукумати нави Ироқ, ки ба ошӯби суннимазҳабони тарафдори Саддом рӯғани бештар рехт. Ин ҳам дар ҳоле ки шабакаи Ал Қоида ва дигар ситезаҷӯёни исломӣ ҳанӯз аз оғози ишғоли Ироқ даст ба ҷангҳои чирикӣ зада буданд. Ин ошӯб бахусус дар ҷомеаи суннӣ забонаи бештар зада буд ва пирӯзии шиъаҳо дар интихоботу вазни онҳо дар ҳукумат ноқаноатмандии сунниҳоро ба маротиб афзоиш дод.

Бо вуҷуди он ки интихоботи порлумонии охири соли гузаштаи Ироқ як дастоварди муҳим шумурда мешавад, имрӯз даргириҳои сунниву шиъа кишварро ба марзи як ҷанги густардаи шаҳрвандӣ расондааст.

Фармондеҳи нави нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, генерал Дейвид Петрус аввали ин моҳ чунин гуфт:

"Ироқро болотар аз хостҳои шахсӣ ва мазҳабии худ гузоштан барои раҳбарони Ироқ як амали ҳалкунанда хоҳад буд. Ва мардуми Ироқ дар моҳҳои оянда бо масъалаҳои сахте дасту панҷа хоҳад зад. Агар онҳо ин корро карда тавонанд ва ман боз мегӯям, ки онҳо хоҳанд тавонист, раҳбарони Ироқ дар таърих ҳамчун падарони бунёдгузор ва шаҳрвандони Ироқ ҳамчун одамони арҷманду фозил умри ҷовид хоҳанд ёфт."

Вошингтон ҳоло талош дорад бо афзудани шумори сарбозон вазъи амниятиро дар Бағдод ва вилояти Анбар беҳтар кунад.

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, шумори ҳамла ва куштор дар вилояти Анбар, пас аз густариши ҳузури нирӯҳои амри коӣ дар ин ҷо назар ба моҳи гузашта ҷиддан коҳиш ёфтааст. Аммо дар ин байн ҳамлаҳо дар вилоятҳои дигар бештар шуданд.

Ҳафтаи гузашта, ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Дик Чейнӣ гуфт, як фурсат зарур аст, то амалиёти амниятӣ комёб гардад. Ва ахиран Вошингтон ҳамчунин роҳҳои беҳбуди вазъи Ироқро бо василаи гуфтушунид бо ҳамсоягони он низ ҷустуҷӯ дорад. Аз ҷумла бо Эрон ва Сурия. Иёлоти Муттаҳида ҳарду кишварро дар кӯмак ба ошӯбгарон айбдор мекунад ва ё дастикам дар он ки аз вуруди ситезаҷӯён ва пулу силоҳ барои онҳо ба воситаи марзҳои худ ҷилавгирӣ намекунанд.

6-уми март, сарвазири Ироқ Нурӣ ал Маликӣ нахустин конфаронсеро дар Бағдод ифтитоҳ кард, ки дар он ҳайъатҳои Иёлоти Муттаҳида, Эрон ва Сурия рӯбарӯи ҳам нишастанд:

"Мо аз ширкаткунандагон ва дар симои онҳо аз ҷомеаи байнулмилал даъват мекунем, аз вижагиҳои таърихӣ ва иҷтимоии Ироқ огоҳ бошанд. Мо аз баъзе кишварҳои минтақа ва тарафҳои байнулмилал мехоҳем дар пайи саҳм ё нуфуз дар Ироқ аз тариқи таъсир ба мазоҳиб ё ҷомеаҳои қавмӣ набошанд."

Маълум нест, чунин депиломатияи минтақаӣ ба куҷо хоҳад расонд. Ширкаткунандагон розӣ шуданд ба ҷаласаи навбатӣ, эҳтимолан дар моҳи апрел, вазирони худро бифристанд.

Аммо бузургтарин суоли солҳои оянда ин хоҳад буд, ки оё тоқати Иёлоти Муттаҳида ба ҳифзи нирӯҳояш дар Ироқ то куҷо хоҳад кашид. Сарони ҳизби мухолифи демократи Амрико, ки назорати конгрессро ба даст гирифтаанд, мехоҳанд, қатъномаи хуруҷи ин нирӯҳоро дар соли 2008 ба тасвиб расонанд.

Ҳукумати Буш ин андешаро рад мекунад ва мегӯяд, чунин ҷадвали замонӣ гурӯҳҳои ошӯбгарро шерак мекунад, ба тахрибкорӣ идома диҳанд.

Бритониё гуфтааст, аз 7 200 сарбозаш дар Ироқ дар моҳҳои оянда 3 ҳазор нафарро бозмегардонад. Ба ақидаи Лондон, ҷануби асосии шиъамазҳаби Ироқ ба андозаи кофӣ мӯътадил шудааст.

Ҳамзамон хушунату зӯроварӣ дар Ироқ шумори зиёди мардумро маҷбур ба ҷавлои ватан кардааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, наздик ба 1 700 000 нафар ва ё 12%-и ироқиҳо дар мамолики ҳамсоя паноҳ ҷустаанд. Садҳо ҳазори дигар дар дохили кишвар ба манотиқи амнтар ва асосан ба маҳалли таҷаммӯъи ҳаммазҳабони хеш кӯчидааст.

Пас аз чаҳор саоли оғози ҷанги Ироқ ин пурсиш, ки оё он кай ба поён мерасад ва кай ин фирориён метавонанд ба хонаҳои худ баргарданд, беҷавоб боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG