Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти наврӯзӣ дар Тоҷикистон


Бузургтарин чорабинии варзишӣ бахшида ба Иди Наврӯз 21 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.


Наргис Набиева, сардори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод, дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор мешавад ва ғолибони сабқати гуштӣ бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо, минҷумла мошинҳои сабукрав мукофотонида мешаванд.


Хонум Набиева гуфт, боз як мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик рӯзи 22 март дар шаҳри Турсунзода барпо мегардад. Ҳамчунин дар бисёр риштаҳои маъмули варзиш, ба мисли армрестлинг ё дастхобонӣ, баскетбол, варзиши сабук, волейбол ва камонварӣ баргузории мусобиқоти идона дар назар аст. Рӯзи 23 март дар боғи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе пойгаи давандаҳои макотиби варзишии кишвар сурат мегирад.


Наврӯз ба мухлисони футболи тоҷик низ хурсандӣ меорад. Бозиҳои нахустин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати 12 дастаи лигаи олӣ рӯзҳои 24-ум, 25-ум ва 27-уми март дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешаванд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG