Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзиш: Аз Наврӯз то Наврӯз


Варзишгарони тоҷик аввалин бор дар Бозиҳои Осиёӣ медалҳои тилло ба даст оварданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 43 сантиметр ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 81 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Расул Боқиев дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 килограмм ва Шокирҷон Раҷабов дар риштаи таэквон-до WTF дар вазни то 84 килограмм соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд. Ҳамчунин Расул Боқиев дар яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар Маҷористон дар вазни худ бо медали тилло мукофотонида шуд.






Ду медали биринҷии паҳлавонони тоҷик - Абдулфайз Муллоев дар вазни то 62 килограмм ва Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни то 90 килограмм дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон беҳтарин дастоварди самбочиёни кишвар дар соли 2006 мебошад. Варзишгарони тоҷик дар риштаи таэквон - до ITF дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Ҳиндустон 10 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло ба даст оварданд. Далер Сайфиддинов, Далер Тӯраев ва Парвизи Муродзода дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ соҳиби унвони қаҳрамони Осиё шуданд.




Бонувони варзишгари тоҷик Галина Митяева, Нигора Ҳамидова, Екатерина Трубитсина, Кристина Коробка, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова ва Зарина Икромова соли гузашта дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаҳои варзиши сабук, таэквон-до, кикбоксинг ва камонварӣ муваффақ гаштанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон порсол нахустин барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё гардид. Дастаи мунтахаби наврасони футболи кишвар, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуд, ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2007 дар Конодо байни наврасон роҳхат гирифт.





Толеъ Холназаров, вазнбардори маъруфи тоҷик аввалин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг байни варзишгарони ҳирфаӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як навъи рақобатҳо - бардоштани вазн то камар дар вазни 100 килограмм бо натиҷаи 340 килограмм мақоми аввалро касб кард.
Намояндагони Тоҷикистон Хуршед Ҷамшедов ва Сӯҳроб Ёриев дар риштаҳои ҷадид - кикбоксинг ва кураши камарбандӣ дар мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.




Рӯзи дави миллӣ бузургтарин чорабинии варзишӣ дар Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳисоб мерафт, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар афроди синну соли мухталиф ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо ширкати худ дар ин пойга ба Рӯзи дави миллӣ оғоз бахшида, масофаи 3 километрро тай намуд.
Соли 2007 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддист. Онҳо барои дарёфти роҳҳатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин талош доранд.
XS
SM
MD
LG