Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳанг: Аз Наврӯз то Наврӯз


Дар ин муддат дар кишвар барои нахустин бор ҳамоиши театрҳои касбии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки тамоми театрҳо намоишномаҳои худро ройгон пешкаши мухлисин намуданд. Театри музофотии ба номи Саидалӣ Вализода дар озмуни байнулмилалии Қирғизистон ҳунарнамоӣ кард. Театри русии ба номи Маяковскийи пойтахт ду намоишномаи нав ва театри Лоҳутӣ 14 намоишномаи дигарро тамрин ва эҳё кардаву пешкаши аҳли завқ намуданд.

Чопи китоб дар нашароти кишвар густариш ёфт. Садҳо ҳазор адад китоб нашр шуд. Ҷӯрабой Шарипов, раиси нашриёти давлатии Ирфон мегӯяд, дар ин муддат, яъне аз Наврӯз то Наврӯз сифат, теъдод ва ҳаҷми кутуб ауздааст? Дар ҳамин маврид Иттиҳоди нависандагон нашри асарҳои 51 тан аз аъзои худро роҳандозӣ кард. Абдулҳамиди Самад, муовини раиси ин иттиҳодия гуфт, дар ин миён адибони бузург ва саршиноси тоҷик бо шумули Мумин Қаноат, Сорбон, Гулрухсор, Кӯҳзод асарҳои тоза офариданд.

Сайфиддин Назарзода, раиси пажӯҳишгои забон ва адабиёти фарҳангистони улуми кишвар афзуд, дар ин муддат Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ мураттаб аз вожаву ибороти нав ва барои саввум бор нашр гардид ва аз хазонаи давлат беш аз 100.000 сомонӣ маблағ барои ҳифз ва ба феҳрист кашидани осори шифоҳии тоҷикон ҷудо шуд. Уламои забоншиноси тоҷик роҷеъ ба забон ва адабиёт беш аз 30 монографияи илмӣ ва мақолоти пажӯҳишӣ нашр карданд.

Барои нахустин бор дар таърихи осорхонаҳо феҳристи электронии нигораҳои осорхонаи кишваршиносии ба номи Камолиддини Беҳзод роҳандозӣ шуд. Ду феҳристи бозёфтҳои нодири кишвар дар Ирон бо се забон чоп шуд.

Аммо ин ҳама талошҳо натавонистанд, аз тороҷи осорхонаҳо ҷилавгир шаванд. Моҳи октябри соли 2006 бо истифода аз торикии шаб ва қатъи комили қувваи барқ ғоратгарон аз Осорхонаи Ҳисор 62 нигораи нодир ва сиккаҳои мутааллиқ ба асрҳои 9 то 12 - ро рабуданд. Ва дар мавриде ки ин ҳама ашё бебозгашт ғайб зад, кормандони Вазорати амният як дузди фарҳангии дигарро бо 90 ашёи маъхази пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии кишвар боздошт ва барои 3 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Дар ин миён ду адиби шинохташуда Ғаффор Мирзо ва Абдуҷабоор Қаҳҳорӣ фавтиданд.

Маросими додани ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар моҳи сентябр баргузор гардид. Низом Қосим, Амон Нуров, Саттор Турсун ва Гулрухсор барандаи ин ҷоиза шуданд.

Дар кишвар ҳамзамон ҳафт нашрияи нави ғайридавлатӣ ба дасти чоп расид. Маросими додани Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид. Ва Ҷонибеки Асрориён, Носир Раҳмонов, Қироншоҳ Шарифзода ва Дорои Дӯст барандаи ин ҷоиза шуданд.
XS
SM
MD
LG