Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли муовини собиқи Саддом Ҳусейн


Бх

Таҳо Ёсин Рамазон муовини собиқи раиси ҷумҳури Ироқ дирӯз ба дор овехта шуд. Мақомоти қазоии Ироқ Ёсин Рамазонро дар қатли 148 нафар шаҳрванди шиъамазҳаби ин кишвар солҳои ҳаштодум, замони ҳукмронии Саддом Ҳусейн муқассир донистанд.
Ин куштори дастаҷамъӣ пас аз сӯъиқасди нофарҷом ба ҷони Саддом Ҳусайн сурат гирифта буд, ки ӯро бо ду ҳамроҳи дигараш ба дор овехтанд. Қатли Ёсин Рамазон дар ҳоле сурат гирифт,ки ба замони шурӯъи ҷанг алайҳи Ироқ тавассути Амрико ва муттаҳидинаш 20-уми марти соли равон чаҳор сол пур шуд. Ва оғози ин ҷанг бо суқути режими Саддом Ҳусейн анҷомид. Вале аз он замон то кунун гуфта мешавад дасти кам 60 ҳазор ироқӣ ва ҳудуди 3 200 сарбози амрикоӣ дар ин ҷанг кушта шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумиссариёи олии созмони милал дар умури паноҳандагон, дар ин муддат ду миллион ироқӣ ватани худро тарк карда ва 1 миллиону ҳаштсад ҳазор нафари дигар ба манотиқи марзии Ироқ фирор намуданд.
XS
SM
MD
LG