Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти бе натиҷаи мақомоти Русияву Тоҷикистон


Константин Рамадоновскй раиси Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия бо намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Рамазон Раҳимов масоили иҷрои созишномаи муҳоҷирати корӣ байни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Бино ба иттилоъи Муҳаммади Эгамзод сухангӯи сафорати тоҷикистон дар Русия масъалаи бозгашти муҳоҷирони кории ихроҷшудаи Тоҷикистонӣ аз Русия,ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд,роҳи ҳал ҳал пайдо накардааст.
Бино ба омори ғайри расмӣ дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ ба сар мебаранд ва аз ин ҳисоб беш аз 40 ҳазор ҷабран хориҷ карда шудаанд. Мувофиқи муқаррароти қонунгузории Русия ин афрод то панҷ сол ҳаққи бозгашти ду бора ба Русия надоранд. Ин дар ҳолест,ки қаблан мақомоти Тоҷикистон афви ин афродро аз ҳамтоёни руси худ хостор шуда буданд.
XS
SM
MD
LG