Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани 57 масҷид дар Душанбе


KA

Мақомоти расмии шаҳри Душанбе мегӯянд фаъолияти масоҷидеро,ки бо нақзи қонун амал кардаанд, муттавақиф мекунанд.
Додситони шаҳри Душанбе Қурбоналӣ Муҳаббатов гуфт,ки танҳо дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ноҳияи Сино ба ин далел ҳамакнун дари 57 масҷидро баста шудааст.Вай афзуд масоҷиде, ки дар доираи қонун амал мекунанд,баста нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи додситони шаҳри Душанбе аксари масоҷиди фаъол дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба меъёрҳои меъморию беҳдоштӣ нестанд. Ин дар ҳолест,ки баъзе аз афроди мазҳабии кишвар амри шаҳрдориро дар мавриди баста шудани масоҷид муғоийир бо усули озодиҳои мазҳабӣ хонда, аз ин иқдом интиқод намудаанд.
XS
SM
MD
LG