Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Алмаато бо се медал


Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Санҷар Ҷондосов, поягузори дзюдо дар Қазоқистон гуштигирони 12 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Вай афзуд: "Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Рустам Боқиев дар вазни 66 килограмм, Шералӣ Бозоров дар вазни 81 килограмм ва Аминҷон Хонов дар вазни беш аз 100 килограмм ҷойи севумро касб карданд. Ду нафари дигар - Парвиз Собиров дар вазни 90 килограмм ва Неъматулло Асронқулов дар вазни 100 килограмм дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд. Мақсади аслии гуштигирони мо ба даст овардани имтиёзҳо барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад."
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG