Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори сарони идораҳои муҳоҷиратии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав


мс

Дар пайи як дидори Константин Рамадоновскй, раиси Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия бо ҳамтои тоҷики ӯ Рамазон Раҳимов дар Маскав, ба манзури пиёдасозии созишномаи муҳоҷирати корӣ байни ду кишвар, комисиюни муштарак таъсис шуд ва ин комисиюн охири моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласа барпо хоҳад кард. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ хабар дод, масъалаи бозгашти муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки аз Русия ҷабран ихроҷ шудаанд, дар ин мулоқот ҳал нашуд.


Бино ба омор, дар Русия ҳудудан як миллион муҳоҷири тоҷикистонӣ ба сар мебарад ва аз ин ҳисоб беш аз 40 ҳазор ҷабран хориҷ карда шудаанд ва ин ихроҷшудагон то панҷ сол ҳуқуқи бозгашт ба Русияро надоранд.


Намояндаи расмии Хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия Денис Солдатенко ҳам тайъид кард, дар ин дидор ҳалли масъалаи мушаххас дар назар набуд. Намояндаи расмии Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин хабар дод, ки раиси Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар ҷараёни маҷлис пулиси Русияро дар нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон муттаҳам кард ва ҷонибҳо мутаъаҳҳид шуданд, ин мушкилро пайваста пайгирӣ намоянд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG