Пайвандҳои дастрасӣ

Лавҳаи ёдбуди журналистони тоҷик


Созмони «Медиа Алянс» як лавҳаи ёдбуд аз рӯзноманигорони кушташуда дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бинои Маҷмаъаи рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳри Душанбе насб кардааст. Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои назоратии ин созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ҳамчунин як лавҳаи ёдбуд гиромидошти хотираи рӯзноманигорони Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, ин лавҳа дафъаи дуввум аст, ки дар бинои Маҷмаъаи рӯзномаву маҷаллаҳо гузошта мешавад.


Маротибаи аввал лавҳаи ёдбуди рӯзноманигорони кушташуда дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо забони русӣ гузошта шуд. Ва ин ҳол як гурӯҳи калони рӯзноманигорони Тоҷикистонро норозӣ сохт. Онҳо дар як мактуб тақозо карданд, ки лавҳа ба забони тоҷикӣ гузошта шавад. Дар ин мактуб гуфта мешуд, ки ба забони русӣ гузошта шудани лавҳаи ёдбуд таҳқири рӯҳи рӯзноманигорон аст.


Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои назоратии «Медиа Алянс»-и Тоҷикистон гуфт, бо далели он ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон на фақат рӯзноманигорони тоҷик, балки ӯзбаку рус низ кушта шудаанд, созмон ба қароре омадааст, ки лавҳаро ба забонҳои тоҷикиву русӣ гузорад.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG