Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Eurovision": Маъруфтарин озмуне, ки бештарин танқидро мешунавад


То баргузории озмуни сурудҳои Аврупо бо номи Евровижн вақт ҳоло зиёд аст, аммо кишварҳое, ки дар он иштирок мекунанд, ҳанӯз ҳам дар ҳоли интихоби намояндаҳои худанд. Ин озмун, ки дар Тоҷикистон бо истилоҳи русии он, Евровидение маъруф аст, қаблан чун як озмуни сурудҳои ба истилоҳ партовгоҳӣ ва намоишҳои бо рангу бори зиёд орову торо ёфта ва ё ба қавли мардумӣ, қашқа шинохта мешуд ва дар якчанд соли ахир бо иловаи кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва Қафқоз ба ҳадде тағйир ёфт.

Верка Сердючка, намояндаи Укроин дар Евровижн бо суруди худ ҳамаро ба рақс даъват мекунад. Верка Сердючка, замоне, ки таваллуд шуд, Андрей Данилко ном дошт. Ситораи телевизиони Укроин, ки дар яке аз шабакаҳои маҳаллии кишвари худ занҳои хонашинро масхара мекунад, бо як раъйпурсии телевизионӣ барои Укроинро дар Евровижн намояндагӣ кардан интихоб шуд.

Ҳамакнун, интизор меравад, суруди Верка Сердючка каме ҳам бошад, алангаи оташи танқидро паст бикунад. Мунаққидон ҳамеша аз Евровижн ҳамчун аз озмуне ном мебаранд, ки сурудҳои каммазмуну бемаъниву пастсифати поп ва сарояндаҳоеро бо либосҳои сиркбозӣ гирд меорад.

Руслана, ки соли 2004 барои нахустин бор ҷоми пирӯзии Евровижнро ба Укроин бурда буд, бо як либоси сабуки пӯстӣ рӯи саҳна омада буд ва як тозиёнаеро, ки човандозон сари асп ҳар лаҳза мезананд, сӯи тамошобинон ҳавола мекард. Аъзои гурӯҳе бо номи Лорди аз Финлонд, ки соли гузашта баранда шуда буданд, либосҳои девҳои афсонавии қадима дар тан доштанд.

Пас мусиқии воло куҷо шуд? Охир, ба ҳар ҳол, ин озмунест, ки Аббаву Селин Дионро дар баҳри беканори мусиқӣ рӯи об баровардааст.

Таҳлилгари мусиқӣ ва ҳамватани Русланаву Верка Сердючка, ҷаноби Юрко Зелений мегӯяд, ин озмун дигар озмуни мусиқиву озмуни рақс нест, балки як озмуне шудааст, ки мардум он ҷо барои хандидан мераванд. Ва аммо Кейт Милз, аз Ирландия комилан мухолифи ин ҳама ҳарфҳост. Ӯ мегӯяд, бо шомил кардани исми кишварҳои Аврупои Шарқиву Марказӣ ва Қафқоз озмун рангорангии вижаеро бар худ касб намуд ва намояндаҳои ин кишварҳо бо стили вижаи худ ба ғановати рангорангии озмун ранги наве зам кардаанд.

Барои кишварҳои хурд ин на танҳо имкони муаррифии фарҳанги миллӣ, балки боз роҳи хеле хуби ҷалби сайёҳон мебошад. Свен Стокселиюс, масъули бахши сурудҳои озмун мегӯяд, маъруфияти озмун боло меравад ва кишварҳои бештарро фаро мегирад. Ӯ мегӯяд, дар соли 2003 сафҳаи вижаи интернетии Евровижнро 60 миллион нафар боз карда буданд ва дар се сол ин рақам ба беш аз сад миллион нафар расид.

Озмуни нахустини Евровижн соли 1956 дар Швейсария бо ширкати ҳафт кишвар баргузор шуда буд. Ҳарчанд озмун исми аврупоӣ дорад, вале дар он кишварҳои ғайриаврупоие ба мисли Исроил ширкат мекунанд. Расман, ҳамсояи арабии Исроил, Лубнон ва кишварҳои африқоии Алҷазоиру Либия низ ҳаққи ширкат дар ин озмунро доранд, вале боре ширкат накардаанд.

Ва аз вижагиҳои дигари озмун ин аст, ки ба истилоҳе ҳамсоябозӣ дар он ҷой дорад. Барои мисол, Юнону Кипр ҳамеша ба ҳамдигар холҳои аз ҳама бештарро медиҳанд. Ва ё, ҳамин гуна, кишварҳои Балкану Скандинавия ба ҳамдигар ба қавле ҳамсоягарӣ мекунанд.

Ба ҳар навъ, Евровижн як дунёи алоҳидае дар қора гаштааст. Гуногунранг, ва ҳанӯз ҳам намедонад, ки марзаш куҷосту қадами баъдияшро куҷо бигзорад.
XS
SM
MD
LG