Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди ҷанги Ироқ дар Вашингтон


Садҳо нафар аз амрикоиёни мухолиф ба ҷанги Ироқ дар остонаи чаҳорумин солгарди оғози ин ҷанг даст ба тазоҳурот заданд. Шиъори асосии онҳо ин буд, ки чаҳор сол фурсати зиёд аст ва сарбозони Амрико бояд ба хонаашон баргардонида шаванд.


Раҳпаймоиро дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида ҷунбиши миллии "Иттиҳод барои сулҳ ва адл" ва дигар созмонҳои мардумӣ барпо карда, дар садри он чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ ва ҳунарӣ қарор доштанд.


Ҷудит Ле Бланш, ҳамраиси ҷунбиши миллии "Иттиҳод барои сулҳ ва адл" дар ин ҳамоиш хитоб кард, ки "бозпас овардани 160 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Ироқ наметавонад, дар як рӯз анҷом ёбад, аммо сиёсатмадорони кишварро зарур аст, дар бораи чунин бозгашт ҳоло тасмимгирӣ кунанд."


Дар ҳамин ҳол вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс гуфтааст, ҳанӯз зуд аст, ки аз таъсири афзоиши нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ба густариши эътидол дар ин кишвар натиҷагирӣ кард. Ва назарсанҷиҳои ахир нишон додаанд, ки шумори ҳарчи камтари амрикоиён аз ҷанги Ироқ розӣ ва ба ояндаи он мӯътамад аст.
XS
SM
MD
LG