Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои мусобиқаи Наврӯзии теннис


ба анҷом расид. ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе тӯли чаҳор рӯз идома кард Мусобиқаи теннис бахшида ба Иди Наврӯз

Дар рақобатҳо беш аз 90 нафар шогирдони мактаби махсуси варзишии захоири олимпии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар ва Қасри тенниси Душанбе ширкат карданд. Байни писарони то 14-сола Қаҳрамон Муҳиддинов мақоми аввалро касб намуд. Рӯзибек Остонов дар ҷойи дувум ва Аҳмадҷон Ҷабборов дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дар сабқати духтарон Шабнам Юсуфҷонова ғолиб шуд. Сарвинози Сайидмаҳмад ҷойи дувум ва Орой Махтумова ҷойи севумро азони худ карданд. Дар сабқати писарони аз 14-сола боло Анвар Раҳматов ҷоизаи аввалро ба даст овард. Ҳусейн Яҳёев ҷойи дувум ва Фарҳод Саидов ҷойи севумро гирифтанд. Дар сабқати теннисбозони ҳаваскор Мурод Саъдуллоев ҷойи аввал, Ҷӯрабек Сафаров ҷойи дувум ва Шавкат Орифов ҷойи севумро касб карданд.

Ва як хабари дигар. Ду нафар давандаҳои маъруфи кишвар - Аҷмал Амиров ва Маҳмуд Зарифов барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи душанбеи 19 март ба Кения сафар карданд.

Бино ба иттилоъи Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук, Аҷмал Амиров дар давидан ба масофаи 12 километр ва Маҳмуд Зарифов дар давидан ба масофаи 8 километр бо беҳтарин давандаҳои кишварҳои мухталифи дунё рӯзи 24 март рақобат мекунанд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG