Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақапулӣ дар Тоҷикистон 50% афзоиш меёбад.


ка

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон маоши кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар ин кишвар боло бурда мешавад. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ шурӯъ аз якуми апрел маоши кормандони муассисаҳои давлатӣ понздаҳ ва нафақапулии моҳона дар Тоҷикистон то панҷоҳ дарсад боло бурда мешавад.
Бар асоси фармони нави раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин маоши кормандони соҳаи тибб афзоиш хоҳад ёфт. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин амр ба хотири беҳбуди вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон,ки беш аз нисфи онҳо фақиранд гирифта шуд. Афзоши дастмузд дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад,ки дар бозорҳои кишвар қимати аксари маводи ғизоӣ дар муқоиса бо соли пеш афзоиш ёфтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин далел бештари мардум бар ин назаранд,ки он чӣ ба дастмузди кормандони давлатӣ ва бознишастагон илова мешавад, таъсире дар боло бурдани қудрати харидории мардум нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG