Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми Гулбаҳор ҳадяи наврӯзӣ


ГМ: Дар давоми якуним соли ахир ман 3 филм ба навор бардоштам ва дар чаҳор моҳи ахир нахустнамоиши се филми ман барпо шуд. Дар фаъолияти таҳиягарони филм чунин комёбӣ дар муддати кутоҳ хеле кам иттифоқ меафтад. Филме, ки дар Фаронса ба намоиш гузоштам, "Марзҳо" ном дорад. Филм дар бораи марзҳои нави Осиёи Марказист. "Марз" ба маънии фалсафии худ дар зиндагии рузмарраи мардум ва марзи воқеъӣ, ки ҳар руз мардум тавассути он аз кишвар ба кишваре мегузаранд. Ман қабл аз ҳама марзи Узбакистонро дар назар дорам. Аксари роҳҳое, ки мардуми тоҷик, қирғиз ва гоҳо мардуми қазоқро бо ҷаҳони хориҷ мепайвандад, аз Узбакистон мегузарад. Чун Узбакистон марзҳои худро бар руи мардуми ин се кишвар бастааст, мардуме, ки дар манотиқи марзӣ зиндагӣ мекунанд, ба мушкилӣ ру ба ру шудаанд.

РО: Оё ин филми ҳуҷҷатист?

ГМ: Бале, ман аслан ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғулам. 10 филми ахири ҳуҷҷатии худро ман дар Фаронса таҳия кардаам. Ин бад-он маънист, ки ман барои таҳияи филмҳои худ дар Фаронса маблағ пайдо мекунам ва филмҳо аслан аз шабакаи АРТЭ, яъне аз телвизини аврупоӣ ба забонҳои фаронсавӣ ва олмонӣ пахш мешавад. Ин шабакаи машҳур аст ва онро дар тамоми Аврупо тамошо мекунанд.


РО: Оё шумо барои наворбардорӣ ба минтақа, яъне ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардед ва бо вазъи воқеъии марзҳо ошно шудед?


ГМ: Албатта, барои наворбардорӣ бояд ба Ватан сафар кард. Ман филмҳои худро аслан дар Осиёи Марказӣ руи навор меорам, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, дар Узбакистон. Ин филмро ман соли гузашта наворбардорӣ кардам, ду моҳ давом кард ва сафари хеле мушкил буд, чунки ман барои ҳар як аз ин панҷ кишвар бояд раводид ё визои алоҳида мегирифтам. Ман на танҳо вазъи душвори муқаррароти марзиро мунъакис кардам, балки саъй кардам бо донишмандону сиёсатмадорони ин кишварҳо гуфтугу кунам. Масалан, ман дар Тоҷикистон бо донишманд Музаффар Олимов суҳбат кардам. Олимов ҳикоят мекунад, ки ин марзҳо чӣ тавр ба вуҷуд омадаанд. Мушкили аслӣ дар марз бо Узбакистон вуҷуд дорад, ин кишвар на танҳо барои рафту омад мушкилӣ пеш меорад, балки баъзе қисматҳои марзро мингузорӣ кардааст. Ва дар ин филм, табъан, ман одамонеро нишон додаам, ки наздикону бастагонашон дар ин минҳо мунфаҷир шудаанд ва ҷони худро аз даст додаанд. Кишоварзи маъмулӣ, одамони оддӣ, ки дар ин минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, намефаҳманд, ки сабаб чист ва чаро дар пайроҳҳаҳое, ки онҳо ҳамеша барои ҷамъоварии ҳезум ё алаф аз он мегузаштанд, мин хобонда шудааст. Ин барои мардуми маъмулӣ комилан қобили фаҳм нест.

РО: Чаро шумо дар филмҳои худ бештар ба мавзуъи Осиёи Марказӣ ру овардаед, магар чунин мавзуъҳо дар Аврупо ҳаводорони зиёд дорад?


ГМ: Албатта, бинанда дорад. Агар бинанда набошад, филм ба вуҷуд намеояд, синамо як системи мураккаб аст. Ин мисли адабиёт нест, ки қоғазеро бигирӣ ва шуруъ кунӣ ба иншо кардан. Синамо мисли саноъат аст, барои таҳияи филм маблағ зарур аст, маблағро барои филмҳои ҳуҷҷатӣ, маъмулан телвизюнҳои давлатӣ медиҳанд.

РО: Шумо чанд сол аст дар Фаронса ба сар мебаред ва дар ин муддат бо чӣ кор машғул будед?


ГМ: Ман 15 сол аст дар Фаронса ба сар мебарам ва тамоми ин солҳо дар бораи Осиёи Мраказӣ филм таҳия кардаам. Филмҳои ман дар бораи марзҳо, дар бораи Роҳи Абрешим, дар бораи истирдоди олмониҳои соҳили Волга ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва амсоли он. Ин филмҳо ҳама дар Осиёи Марказӣ руи навор омадаанд ва ошкоро мегуям, ки ин мавзуъҳо ба аврупоиҳо хеле писанд аст, зеро минтақаи Осиёи Марказӣ ба Чину Ҳиндустон наздик аст. Ба ин минтақа ҳоло таваҷҷуҳи зиёд доранд.

РО: Шуморо дар Тоҷикистон ба унвони як шоъира мешиносанд. Ҳоло шеър ҳам менависед?

ГМ: Ҳоло шеър барои ман мисли чизест хусусӣ, меояд ва меравад... марҳалаҳое ҳаст, ки ман ба навиштан шуруъ мекунам... Чанд сол пеш китоберо ба забони фаронсавӣ навиштам. Ва гоҳо дар шеър комилан хомуш мемонам. Ё замоне мебинӣ, ки шеър ба суроғи ту омадааст. Ман фикр мекунам, ки шеър маликаи зиндагии ман аст ва ҳамин гуна то охири умр боқӣ хоҳад монд. Бале..., ман менависам, агар дақиқтар бигуям, шеър чизест хусусӣ ва розест ниҳон.

РО: Суҳбати мо замоне анҷом мегирад, ки мардум ба Навруз омодагӣ мегиранд. Шумо ба Навруз чӣ омодагӣ доред?

ГМ: Ман дар хона Наврузро ҷашн мегирам, хонаи ман фаронсавӣ нест, хонаи ман, албатта, хонаи тоҷикист. Вақте, ки дустонам ба хонаи ман меоянд, онҳо медонанд, ки ба хонаи комилан тоҷикӣ меоянд. Дустонамро ба Навруз даъват мекунам, палав мепазам, хурданиҳои дигар омода мекунам. Мо суруд мехонем, мерақсем..., (механдад).


РО: Ва дар Навруз ба мардум чӣ орзу доред?

ГМ: Орзу дорам, ки ҳар руз аз хоб хезанду аз омадани рузи нав шукр гуянд. Зиндагӣ барои одам ягона аст. Аз он бояд ҳамеша шукр кард.
XS
SM
MD
LG