Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз Фаластин эътирофи Исроилро тақозо доранд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати мусолиҳаи миллии Фаластин хостанд, ки ба талабҳои "чаҳоргонаи байналмилалӣ" - миёнаравони сулҳи Ховари Миёна арҷ гузорад. "Чаҳоргона", ки ба он Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Русия шомиланд, аз ҳукумати нави Фаластин хатми хушунат дар минтақа, эътирофи кишвари Исроил ва садоқат ба созишҳои қаблан бо Исроил ҳосилшударо тақозо дорад. Дар изҳороти ҳукумати Олмон - раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки дар сурати риояи ин шартҳо Иттиҳодия омодааст бо ҳукумати мусолиҳаи миллии Фаластин ҳамкорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол Исроил изҳор кард, ки бо ҳукумати нави Фаластин ҳамкорӣ намекунад. Ин изҳорот вокуниш ба гуфтаҳои сарвазири Фаластин Исмоил Ҳания буд, ки дирӯз эълом дошт "муқовимат ба ғасби қаламрави Фаластин аз сӯи Исроил ҳаққи қонунии мардуми Фаластин аст". Иёлоти Муттаҳида низ аз ин гуфтаҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Шон МакКормак - сухангӯи Департаменти давлатӣ изҳороти Исмоил Ҳанияро хилофи талабҳои "чаҳоргонаи байналмилалӣ" арзёбӣ кард.
Маросими савганди ҳукумати нави Фаластин дирӯз баъди пазируфта шудани аъзои он аз сӯи парлумон баргузор шуд. Ба ҳукумати мусолиҳаи миллии Фаластин 25 вазир - намояндагони гурӯҳҳои ҲАМОС ва Фатҳ ва сиёсатмадорони мустақил шомиланд. Исмоил Ҳания дубора дар мақоми сарвазири Фаластин пазируфта шуд. Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Фаластин дар маросими савганди кобинаи вазирон аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки таҳримҳо алайҳи Фаластинро лағв ва ҳукумати ҷадиди онро эътироф кунанд.
XS
SM
MD
LG