Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳузури низомии Фаронса дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст?


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои "Авесто"-и Тоҷикистон ва ИТАР-ТАССи Русия боз се ҳавопаймои низомии Фаронса барои ширкат дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мустақар шудаанд. Ин ду хабаргузорӣ навиштаанд, як манбаъи огаҳ дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ додааст.


Аз манбаъи огаҳ ном бурда намешавад, вале дар хабар омадааст, ки ин се ҳавопаймо аз навъи ҳавопаймоҳои муосири ҷангии мавсум ба "Рафал" аст. То ҳол дар фурудгоҳи Душанбе се ҳавопаймои навъи Мираж-2000-и Фаронса мустақар буд.
XS
SM
MD
LG