Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷсолагии фоҷеъаи Оқсуи Қирғизистон


Рузи шанбе Қирғизистон панҷумин солгарди фоҷеъаи ҷануби ин кишварро хотирнишон кард. 17-уми марти соли 2002 дар Оқсу нируҳои амниятӣ барои пароканда сохтани тазоҳурот оташ кушоданд ва шаш нафар кушта шуд. Он вақт Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури кунунӣ мақоми нахуствазирии Қирғизистонро бар уҳда дошт. Баъд аз ин тазоҳурот вай аз нахуствазирӣ барканор шуд. Имруз Боқиев ва мухолифон дар ҳамоиши солгарди ин тазоҳурот ширкат карданд. Қурмонбек Боқиев аз гирдиҳамомадагон хост панҷумин солгарди ҳодисаҳои Оқсуро ба руйдоди сиёсӣ табдил надиҳанд. Вай афзуд:


"Ман муттаассифам, ки расидагӣ ба ин парванда ба поён нарасид, барои он ки гунаҳгорони ҳодиса афв карда шуданд ва баъзе аз шоҳидон кишварро тарк карданд. Аммо ман мегуям, ки гунаҳгорони ҳодиса ба сазои аъмоли худ мерасанд. Ин гуноҳи бузург аст, ки онҳо мардуми худ ва кишвари худро тарк кардаанд".


Ахиран додситонии Қирғизистон эълон кард, ки расидагии дубора ба ин ҳодиса шуруъ шудааст.
XS
SM
MD
LG