Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нишони биринҷии паҳлавонони тоҷик


Паҳлавонони тоҷик Шералӣ Бозоров ва Аминҷон Хонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар Алмаато соҳиби нишони биринҷӣ шуданд. Шералӣ Бозоров дар мусобиқа барои ҷои сеюм дар байни варзишгарони вазнашон 81 кило дар чанд сония паҳлавони муғулро бо маҳорати хосае ба тахтапушт хобонд.


Аминҷон Хонов дар вазни зиёда аз 100 кило дар дақиқаҳои иловагӣ ба гуштингири қазоқ дастболо шуд. Вале ду паҳлавони дигари тоҷик Неъматулло Асронқулов ва Парвиз Собиров, ки низ барои мақоми сеюм талош доштанд, ба мағлубият дучор шуданд ва ҷои панҷумро соҳиб гардиданд. Носир Бозоров сармураббии дастаи дзюдочиёни Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди паҳлавони қазоқ Санҷар Чандосов имсол 12 кишвари Осиё ширкат доранд ва ин мусобиқа акнун ба сафи сабқатҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил шуд.


Якшанбе, 18-уми март мусобиқа идома мекунад ва дар ин руз ду варзишгари тоҷик Олимҷон Зикаев ва Рустам Боқиев дар вазнҳои 60 ва 66 кило барои ғолибият талош хоҳанд кард.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG