Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯз соати дақиқ дорад?


Кӣ посух медиҳад? Пурсиши яке аз хонандагони сомонаи мо

Музаффар Раҳимов, хонандаи сомонаи мо аз шаҳри Душанбе суол фиристодааст, ки оё ба монанди фарорасии Соли Нави масеҳӣ Наврӯз низ соату дақиқаву сонияи муайяни расидан дорад? "Зеро онро лаҳзаи баробар шудани шабу рӯз меноманд ва аз ин назар, бояд ҳатман чунин фурсати дақиқе дошта бошад. Ва агар чунин аст, чаро як рӯзи муайяни ид мавҷуд нест. Дар ҷое 21-уми март ва дар ҷое 22 ё ҳатто 24-уми мартро Наврӯз эълон кардаанд, ки сари одам гаранг мешавад."

Дар Наврӯзи гузашта барномаи "Ҳамнафас" айни ин мавзӯъро баррасӣ карда буд. Ҳоло мехоҳем, онҳое ки медонанд, ба ин пурсиши Музаффар посух диҳанд ва агар касе медонад, бинависад, ки оё дар Тоҷикистон ниҳоде ҳаст, то соату дақиқаи расидани Наврӯзро эълом дорад?

Ҳамнафаси Шумо
XS
SM
MD
LG