Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лувр ба Абу Дабӣ мекӯчад?


Ҷеремӣ Бранстен Аввали ин моҳ кишвари Абу Заби ва ҳукумати Фаронса ба созиш расиданд, ки шӯъбаи Осорхонаи Луврро дар ин аморати арабӣ таъсис диҳанд. Айни чунин паймонро Абу Дабӣ дар соли гузашта бо Осорхонаи машҳури Гугенҳейми Ню Йорк имзо карда буд.

Ин ду қарордод бахше аз як барномаи гаронбаҳое ҳастанд, ки иҷрои он ҷазираи Саъдияти аморатро ба як маркази фарҳангӣ табдил хоҳад дод. Сармоягузорӣ ба ин барнома 27 миллиард долларро ташкил мекунад.

Ҳамкори мо аз бахши марказии хабар Ҷеремӣ Бранстен дар робита ба ин хабарҳои нав аз ҷаноби Муборак Ал Муҳайирӣ, мудири кулли идораи ҷаҳонгардии Абу Дабӣ пурсид, оё нақшаи таъсиси чунин маркази фарҳанг чӣ гуна ба миён омад:

"Дар остонаи соли 2005-ум мо як тарҳи умумии марбут ба ҷазираи Саъдиятро омода кардем ва сипас дар якуним соли баъдаш ҷузъиёти ин нақшаро муайян намудем, ба вижа минтақаи фарҳангии онро. Дар ҷараёни ин кор мо бо коршарикони гуногуни байнулмилалӣ, ба монанди Осорхонаи Луври Фаронса ва Бунёди Гуггенҳейми Ню Йорк вориди гуфтугӯ шудем ва ба чунин созишҳо расидем. Ба андешаи мо ва машварати ҳамкорони мо ин як маконе хоҳад буд, ки дастовардҳои фарҳангиро гирд оварад ва муколама эҷод кунад. Эъломияҳои ахири мо аз ҳамин ҷо ҷо маншаъ гирифтааст."

Аммо чаро Шумо маҳз ба фарҳанг тамаркуз кардед?

"Мо аллакай ҳамчун содиркунандаи инержӣ шинохта шудаем ва ҳамчун маркази молиявӣ низ ва мехоҳем акнун ба ҳайси як маркази фарҳангу ҳунар низ маъруф шавем."

Тақрибан ҳар ҳафта мо шоҳиди муъаррафии барномаҳои нав ба нави иморот мешавем. Дубай мехоҳад, баландтарин бинои ҷаҳонро бисозад, бозори бинокорӣ дар Шарҷа низ тасфон аст ва Абу Дабӣ, албатта, рӯ ба таҳаввул ниҳодааст. Оё ҳар ин кӯшишҳо ҳамоҳанганд ва ҳар аморат ба риштаи бахусусе тамаркуз мекунад?

"Ба назари ман, нирӯи Имороти муттаҳидаи Араб дар иттиҳод аст. Ин вақтест, ки ҳукумати федерол ба ҳар аморат ихтиёри зиёде қойил аст, дар масъалаҳои сохтори идорӣ, иқтисодиёти хос ва ғайра ва чунин озодӣ чизеро ба дунё меорад, ки ман ҳамсабқатӣ ё мусобиқаи ёрон уновн мекунам."

Хуб, аммо киҳо хоҳанд буд, муштариёни минтақаи фарҳангии ҷазираи Саъдият?

"Мусалламан, мо Аврупоро манбаъи ин бозор мешуморем ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсояро. Аммо ба нимкураи шарқӣ низ нигоҳи амиқ дорем. Вале инро ҳам бигӯям, ки аз рӯзи аввал умеди мо ба ҷаҳонгардии оммавӣ набудааст. Мо сатҳи баландтар ва хос, яъне ҷаҳонгардони зиёӣ ва фарҳангиро дар назар дорем. Онҳо сарватмандтаранд, метавонанд тулонитар бимонанд ва дубора бозгарданд."

Солҳои охир, бештар аз "бархӯрди тамаддунҳо" мегӯянд, аз бархӯрди Ғарб ва Ислом. Шумо низ ба ин андеша ҳастед ва оё ҷазираи Саъдият дар ин самт нақше хоҳад бозид?

"Мо мехоҳем аз забони муштараки ҳунар истифода кунем. Ва ҳунар забонест, ки ҳама онро хоҳанд фаҳмид. Ҳунар бо гузаштаи инсонҳо ва дини онҳо ҳамсӯҳбат мешавад. Мо ба Абу Дабӣ сахт эътиқод дорем. Мо бояд вазифаи худро иҷро кунем, бояд дар ҳамоиши фарҳангҳо нақши худро бозем. Мо наметавонем, ба чанд муҳофизакор аз ҳарду ҷиноҳ имкон диҳем, ки раҳбарӣ кунанд. Мо, ба истилоҳ, одамони оддӣ, аксарият ҳастем ва ба муколамаи ҷаҳонӣ бовар дорему онро бояд ба роҳ монем. Минтақаи фарҳангии Абу Дабӣ як қадами мост дар садаи бистуяк. Ин чиз барои мардуми мо муҳим аст. Ин фарҳанги ҷаҳониро ба мулки мо меорад ва тамаддунҳои гуногунро. Донистани ин тамаддунҳо дар дарозмуддат роҳе ба эҳтиром ва созгорист. Мо на аз панҷ солу даҳ соли оянда фикр мекунем. Самари кор пас аз 20 то 30 сол ба назар хоҳад расид."
XS
SM
MD
LG