Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии барномаи дувуми фақрзудоии ҳукумати Тоҷикистон


Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев барномаи қаблии лағви камбизотӣ, ки барои солҳои 2002 - 2007 таҳия шуда буд, тавонист сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон 25 дар сад коҳиш бидиҳад, Аз ин рӯ дар лоиҳаи ҷадид ҷалби ҳар чи бештари маблағгузорони хориҷиву дохилӣ барои дар риштаҳои соҳибкорӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ, хизматрасонии ройгони ё нисбатан арзони тиббӣ ва амсоли ин пешбинӣ шудааст.





Ҳамчунин вазир бо назардошти он, ки барномаи мазкур маблағи гарон,яъне панҷ милллирад доллари амрикоро тақозо мекунад, ҷанбаҳои лоиҳаи навро ингуна арзёбӣ кард: «бояд шароити умумиро фароҳам овар то ин ки ҳар кас тавонад маблағгузориро ҷорӣ кунад.Агар роҳҳо ва ё қувви барқ набошад он вақт маблағгузорро ҷалб кардан мушкил мешавад. Ва барнома низ пеш аз ҳама ҳамин масъалаҳоро дар бар гирифта, ба ҳамин нуктаҳо такя мекунад »





Дар ҳамин ҳол Ғулом Бобоев дар кам шудани мизони фақр дар Тоҷикистон нақши муҳоҷирини меҳнатиро муҳим медонад ва мегӯяд,тибқи нишондоди расмӣ, танҳо дар ҳамин сол тариқи интиқоли маблағҳои бонкӣ 1 миллираду 200 миллон доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст: «Ин қабл аз ҳама барои афзудани талабот дар бозори дохилӣ мусоидат мекунад ва чун талабот зиёд шуд, воридоти амвол низ бештар мегардад.Ҷойизи қайд аст,ки ҳамасола воридоти мол ба Тоҷикистон то 40 дар сад боло меравад.Ва муҳоҷирони меҳнатиро метавон ҳамчун манбаъи ғании даромад ба буҷаи Тоҷикистон ном бурд.»





Субҳон Ашӯров муовини аввали вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, агар чӣ камбизотӣ дар Тоҷикистон аз 83 то 57 фисад пойи рафта бошад ҳам, аммо то ҳанӯз ин рақам барои Тоҷикистон зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол Игор Боск гуфт, қишри камбизоати Тоҷикистон аксаран аз ҳисоби аҳолии рустоӣ Тоҷикистон аст, аз ин лиҳоз бояд таваҷҷӯҳи бештар ба онҳо зоҳир гардад. «Дар он минтақаҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум аслан маблағгузорӣ зарур аст, то ин ки таъмини об ва барқ беҳтар шавад, духтурони касбӣ ва омӯзгорони беҳтарин бошанд.Ҳамаи ин мабалағи зиёдро тақозо мекунад.Мутаассифона ҳоло мабалғҳо каманд,вале боварӣ дорам,ки сол то сол вазъ беҳтар мешавад ,барои ҳукумат танҳо манбаъи маблағ пайдо кардан лозим аст. »




Игор Боск ҳамчунин афзуд,бояд бонкҳои Тоҷикистон барои аҳолии кишвар қарзҳои даррозмуддат ва бо фоизи камтар пешниҳод намоянд, то ин ки қишри камбизоат бо мақсади беҳбуди вазъи иқтисодӣ имкони васеътари истифодаи ин қарзҳоро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG