Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норак об мехоҳад


Норак

Ду аз нӯҳ дастгоҳи тавлиди барқи нирӯгоҳи Норак аст, ки дар ҳоли ҳозир тайи як шабонарӯз ҳудуди 15 млн квт/соат барқ ҳосил мекунад.

Фазлиддин Раҳимов, сармуҳандиси нирӯгоҳи оби барқии Норак гуфт, қудрати аслии тавлидии нирӯгоҳ аслан 45 млн квт/соат аст.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ба иллати адами об дар обанбори нирӯгоҳ рӯзона 2 ва шабона 6 дастгоҳи дастгоҳи тавлиди барқ фаъолият мекунанд. Вай гуфт, ҳаҷми тавлиди барқ агар рӯзона 420 квт/соат бошад, шабона ба 1200 квт/соат мерасад.

Қаблан, мақомоти ширкати Барқи тоҷик ба далели камбуди об дар обанбори нирӯгоҳи Норак аз интиқоли барқ дар саросари кишвар иттилоъ доданд. Тибқи иттилооти расмӣ, эҳтиёҷоти кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 50 млн квт/соатро ташкил мекунад.

Аммо дар ҳоли ҳозир барои аҳолии кишвар 17 млн квт/соат дар як шабонарӯз барқ дастрас мешавад. Интиқоли барқ ба ҳамчунин як иншооти стратегии кишвар ба монанди Корхонаи арзизи Тоҷикистон низ ба 3,5 млн квт/соат коҳиш ёфтааст.

Мақомоти Барқи тоҷик аз додани иттилоъ дар мавриди масрафи барқ дар ин корхона худдорӣ мекунанд. Аммо тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, ин корхона дар як шабонарӯз 18 млн квт/соат барқ истифода мекунад, ки дар нирӯгоҳи Норак тавлид мешавад.

Тибқи иттилооти расмӣ, нирӯгоҳи Норак, умдатарин тавлидгари барқи Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди 75 фисади барқи кишварро тавлид мекунад. Аз ҳудуди 16 млрд. млрд квт/соат барқе, ки дар Тоҷикистон тавлид мешавад, 11 млрди он марбути нирӯгоҳи Норак аст.

Маҳмадулло Қурбонов, раиси нирӯгоҳи обӣ барқии Норак мегӯяд, нирӯгоҳ аз соли 1979 ба ин сӯ имкон дорад, тамоми зарфияташро истифода кунад. Вай гуфт, бозсозии ахири нирӯгоҳ соли 1988 сурат гирифта, аммо мушкили фарсуда шудани таҷҳизот пеш омадааст, ки дар ҳоли ҳал шудан аст.

Масъулини нирӯгоҳи Норак мегӯянд, тайи рӯзҳои ахир оби захиравии обанбор аз 910 метр ба 855 метр аз сатҳи баҳр поён омадааст. Онҳо тахмин мезананд, ки баландии оби захиравӣ ба 20 метр расидааст ва истифодаи об барои тавлиди барқ боз мушкилтар мешавад.

Онҳо мегӯянд, оби дарёҳои Сурхоб ва Хингоб ба таври назаррас кам шудааст ва тибқи муқаррарот истифодаи берун аз меъёри захираи обанбор ба садама оварда мерасонад.

Ҳангоми бозгашт бо чанде аз сокинони шаҳри Норак ҳамсӯҳбат шудем. Ба таъйиди онҳо, дар шаҳри Норак маҳдудиятҳои истифодаи барқ вуҷуд надорад.

Масъулини нирӯгоҳи Норак мегӯянд, афзоиши оби обанбор ва тавлиди барқ танҳо моҳи оянда имконпазир аст. Аммо то он замон онҳо танҳо дар он фикр хоҳанд буд, ки захираи оби обанбор аз ҳадди меьёри муқарраршуда поён наравад.

Яъне хавфи аз ҳозира ҳам кам шудани тавлиди барқ дар нирӯгоҳи Норак вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG