Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин радиои интернетӣ дар Қазоқистон


Бори нахуст дар Қазоқистон интернет - радиои «Инкар инфо» ба фаъолият оғоз намуд. Сергей Сетсуриани сардабири ин расонаи хабарӣ ҳадаф аз таъсиси ин родиюро таъмини дастрасӣ ба иттилоъи холисонаву беғаразона дар бораи руйдодҳои ҷумҳурӣ унвон кардааст. Сардабири Интернет родиюи «Инкар- инфо» таъкид кард, алъон ағлаби расонаҳои хабарие, ки дар кишвар мавҷуданд, фармоиши ин ё он шахс ё гуруҳеро иҷро мекунанд ва арзи вуҷуд кардани Интернет-родиюи «Инкар инфо» барои расонидани иттилоъи дурусту воқеъӣ мусоидат хоҳад кард.




Саидқозӣ Матаев --раиси Иттиҳодияи журналистони Қазоқистон пайдо шудани радиои интернетиро дар фазои иттилоотии кишвар чун руйдоди гуворо арзёбӣ кард. Ба гуфтаи у алъон дар Қазоқистон беш аз 2000 расонаи хабарӣ фаъол ҳастанд ва дар паҳлӯи онҳо пайдо шудани боз як воситаи иттилоърасонӣ дастрасии мардумро ба иттилои гуногун бештар мекунад.





Яке аз вижагиҳои «Инкар- инфо» ин аст, ки матлабҳои онро ҳам мешунавию ҳам аз сомонаи родио хонда метавонӣ. Ҳоло гузоришхои Интернет - радио ба забони русӣ пахш мешаванд, вале тавре оқои Сетсуриани гуфт, дар оянда барномаҳои ин расонаи хабарии нав ба забонҳои қазоқӣ ва англисӣ низ садо хоҳанд дод. Лозим ба ёдоварист,ки лоиҳаи роҳандозии онро рӯзноманигори шинохтаи кишвар Сергей Дуванов омода кардааст ва ин тарҳ бо пуштибонии Сандуқи ҷамъиятии «Ҷомиаи шаҳрвандӣ», ки сарвараш сиёсатмадори шинохта Галимҷон Жакиянов аст, пиёда шудааст.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG