Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 соати барномаҳои наврӯзии радиои Озодӣ


Бахши тоҷикии радиои Озодӣ тасмим гирифтааст, дар рӯзҳои 21 ва 22-юми марти соли равон тайи 12 соат барномаҳои вижаи наврӯзӣ пахш кунад. Дар ин барномаҳо, ки нисфашон ба таври зинда ва аз шаҳри Душанбе нашр хоҳанд шуд, ҳамаи омодагиҳо ба Наврӯз, истиқболи Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари кишвар ба таври муфассал тасвир хоҳанд шуд. Ҳамчунин бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ гузоришҳои наврӯзӣ нашр мешаванд. Дар барномаи мо беҳтарин шоирони Тоҷикистон шеър ва ҳунармандони саршинос тарона хоҳанд хонд.


Муҳимтар аз ҳама дар студиёи шаҳри Душанбе як маҳфили идонма баргузор мешавад, ки ҳоло тафсилоти онро гуфта наметавонем. Нашунидам, нагӯед, Наврӯз фаро мерасад ва агар аз гузоришу матолиби махсуси идонаи мо огоҳ шуданӣ бошед, барномаҳои моро думбол кунед.
XS
SM
MD
LG