Пайвандҳои дастрасӣ

Масъуд Собиров аз раисии ҲДТ истеъфо медиҳад


RD

Баррасии даъвои ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаров дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба далели ҳузур наёфтани намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон ба таъхир уфтод.





Раёсати ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз болои ҳизби демократи Масъуд Собиров ба додгоҳ шикоят бурда ва гуфтааст, ки ҷонибдорони оқои Собиров тавассути пешниҳоди асноди ҷалъӣ ба вазорати адлия анҷуман доир намуда ва ин вазорат низ бар хилофи қонун ҳизби демокартии Масъуд Собировро сабти ном кардааст.





Раёсти ҲДТ аз додгоҳ хостааст, қарори вазорати адлия дар марвиди ба унвони раиси ин ҳизб шинохтани Масъуд Собировро беъэтибор кунад. Аммо оқои Валиев мегӯяд имкони мусолиҳа бо ҷиноҳи Масъуд Собиров вуҷуд надорад ва агар чунин имкон вуҷуд медошт, онҳо ба додгоҳ муроҷиат намекарданд.






Аммо Масъуд Собиров, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ӯро ба унвони раиси ҲДТ эътироф кардааст, мегуяд, омодааст ба манзури даст ёфтан ба мусолиҳа аз мақоми худ истеъфо диҳад ва аз ҷонибдорони ҳизби Муҳаммадрузи Искандаров мехоҳад то дар анҷумани даъватшуда дар таърихи 29 апрел ширкат кунанд. Ӯ мегуяд: «Агар ҳамин раисии ман дар ҳизб боиси ихтилоф ва парокандагӣ бошад, ман ҳозирам аз ин вазифа истеъфо диҳам. Мо ба таърихи 29 апрел анҷуман даъват кардаем, биоянд ҳамаи гуруҳҳо иштирок кунанд, ман дар интихоботи раис иштирок намекунам, фақат анҷуманро боз мекунам, арзизаи истеъфои худро пешниҳод мекунам, бигузор ҳар касеро вакилон раис интихоб мекунанд, ман ҳам дар паҳлуи онҳо хоҳам буд. Вале ин додгоҳбозӣ ба нафъи ҳизб тамом намешавад.»





Аммо мухолифатҳо дар ҲДТ аз як соли қабл оғоз шуд, ки мунҷар ба се шоха шудани ин ҳизб гашт. Вақте раёсати ҲДТ ҷиноҳи Ватанро ба расмият нашинохт ва сабти ном накард, Масъуд Собиров ба ҷамъоварии аъзои ҷонибдоронаш барои даъвати анҷумани фавқуллодаи ҲДТ иқдом кард. Ин анҷума дар моҳи августи соли гузашта доир шуда ва Масъуд Собировро ба унвони раиси ҲДТ баргузид.






Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузашта ҳизби демократи Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки он замон аз ҷониби мақомоти расмӣ ҳануз ба унвони ҳизби расмии демократии Тоҷикистон шинохта мешуд, ин интихоботро таҳрим кард. Ва ба дунболи он вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи Масъуд Собировро ба унвони ҳизби расмии демократ эътироф кард. Масъуд Собиров ва ҷонибдоронаш раёсти ҳизби демократии Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба бемасъулиятӣ муттаҳам мекунанд.






Вале дар моҳи январи соли равон ҷонибдорони Масъуд Собиров бо доир намудани анҷумани фавқуллодаи ҳизб худи Собировро аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ С. Исмоновро раиси ҳизб интихоб намуданд. Вале вазорати адлияи Тоҷикистон ин анҷуманро хилофи қонун эълон кард ва Масъуд Собиров ҳамчунон раиси ҲДТ аз суи ин вазорат, ки масъулияти сабти номи аҳзоборо дорад, шинохта мешавад.


Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG