Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости расмии Аҳмадинажод барои сухан дар Шӯрои амнияти СММ


Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод расман хостааст, ки ба ӯ иҷоза диҳанд, то дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки барои ҷазо додани Эрон раъйгирӣ мекунад, ширкат намояд.


Думисанӣ Кумало, сафири Африқои Ҷанубӣ дар Созмони Милал ва раиси феълии Шӯрои амният гуфт, Шӯро дархости Маҳмуди Аҳмадинажодро баррасӣ хоҳад кард.


Пештар аз ин, панҷ узви Шӯрои амният бар изофаи Олмон дар робита ба қатъномаи нав ба зидди Ирон ба тавофуқ расиданд, ки ҳафтаи оянда раъйгирӣ дар мавриди он баргузор мешавад. Дар ин санад таҳримоти наве аз ҷумла манъи содироти аслиҳа ва додани қарзҳои нав ба Эрон пешбинӣ шудааст.


Рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳури Эрон Шӯрои амниятро ниҳоди номашрӯъ номида гуфт, ки Ирон ба фишори Созмони Милал ва кишварҳои ғарбӣ тан намедиҳад ва аз барномаҳои атомиаш даст намекашад. Қудратҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, ки Эрон қасди сохти силоҳи атомӣ дорад, агарчӣ Эрон ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG