Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти тазоҳургарон дар Маҷористон


Пулиси шаҳри Будапешт даҳҳо нафарро дар пайи тазоҳуроти хушунатбор дар ин шаҳр боздошт кардааст.


Шаби гузашта тазоҳуроти гурӯҳҳои ифротии ростгарои Маҷористон ба бархӯрд миёни тазоҳургарон ва маъмурони амниятӣ печид. Дар ин бархӯрдҳо чанд нафар, аз ҷумла чаҳор корманди пулис маҷрӯҳ шудаанд. Пулиси Будапешт барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода кард.


Тазоҳургарон талаби раҳоии яке аз шарикони худро доштанд, ки барои нақшаш дар ошӯбҳои моҳи сентябри гузашта боздошт шудааст.


Тирамоҳи соли гузашта ошкор шуд, ки нахуствазири Маҷористон Ференс Ҷурчанӣ барои пирӯз шудан дар интихобот ба мардуми кишвараш дурӯғ гуфтааст. Ин хабар сабаби хашми мардум ва ошӯбу бенизомиҳо дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт шуда буд.
XS
SM
MD
LG