Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи интиқоли нафт байни Русияву Юнону Булғористон


Русияву Юнон ва Булғористон дар мавриди бунёди лӯлае созишнома имзо карданд, ки нафти Русияро аз Баҳри Сиёҳ то ба ки баҳри Эгей хоҳад расонд.


Созишномаро рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамроҳ бо нахуствазирони Юнону Булғористон дар шаҳри Афина имзо кард.


Лӯлаи нафт бандари Бургаси Булғористонро бо бандари Александрополиси Юнон васл хоҳад кард.


Баъди мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифтан дар соли 2011 ин лӯла солона аз 35 то 50 миллион тонна нафт интиқол хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG