Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вашингтон аз Мавлоно ҳарф мезананд


Имрӯз, 16 март, дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико конфронсе доир ба ашъору осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ баргузор мешавад.


«Румӣ дар Амрикои имрӯз», «Исо дар ашъори Румӣ», «Афкори Мавлоно доир ба зан» мавзӯҳоест, ки донишмандон доир ба онҳо ибрози назар мекунанд.


Ин конфронсро Бунёди Румӣ баргузор мекунад, ки соли 1999 барои ташвиқи муколамаи мазҳабиву фарҳангӣ таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG