Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабаб ва пайомадҳои бӯҳрони инержии Тоҷикистон


Николай Савченков мегӯяд, агар "инқилобҳо"-и Горбачеву Елтсин намебуданд ва агар ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон аҳамияти Роғунро ба хубӣ дарк мекарданд, кайҳо ин иншоот сохта шуда, мавриди истифода қарор мегирифт.

Дар ҳамин ҳол бӯҳрони энергетикии Тоҷикистон ҳамоно идома дорад ва ширкати воҳиди "Барқи тоҷик" иттилоъ додааст, ки сатҳи об дар обанбори Норак аз меъёри мумкин 1метру чил сантиметр поинтар шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи "Барқи тоҷик" ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки рӯзи 15 март сатҳи об то 855 метру 60 сантиметр болотар аз сатҳи баҳр поин шуд ва тибқи дастур дар ҳоле ки сатҳи об аз 857 метр поин мешавад, барои ҷилавгирӣ аз вазъиятҳои фавқулодда фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии Норак бояд мутаваққиф гардад.

Ба гуфти ҳамин манбаъ рӯзи панҷшанбе Тоҷикистон аз Узбакистону Қирғизистон 5, 7 миллион киловат-соат нерӯи барқ ворид намудааст.

Ёдгорӣ гуфт, ки феълан нерӯгоҳи Норак рӯзмарра 20-25 миллион киловат соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Ӯ афзуд, дар шароити муътадил дар ин вақти сол Норак то 40 миллион киловат-соат нерӯи барқ истеҳсол мекард.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Рустам Абдураҳимов корманди Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки гарм шудани ҳаво зери суол аст аз ин рӯ, маҳдудияти кунунӣ имкон хоҳад дод, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ интиқоли барқ афзоиш ёбад.

"Ҳаво хунук аст. Дар рӯди Вахш об тақрибан нест. Ҳоло мехоҳанд каме об сарфа кунанд, то дар рӯзҳои наврӯзё барқ бидуни маҳдудият таъмин шавад. "

Хулоса, дар шаҳри Душанбе ҳамоно маҳдудияти истифода азз нерӯи барқ идома дорад.

Дар барномаи имрӯза тасодуфан имкон ёфтем бо мутахассисони варзидаи соҳаи энергетикаи обии Тоҷикистон дар бораи бӯҳрони кунунии нерӯи барқ ва дурнамои рушди ин соҳа сӯҳбат кунем.

Аз раиси сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Роғун Саидамир Сияҳмардов хоҳиш мекунам, сабабҳои бӯҳрони имрӯзаи нерӯи барқро ҳамчун мутахассис шарҳ диҳад.

"Дар даҳ соли ахир ҳаво ин хел хунук нашудааст. Ҳаво то ҳол гарм нашудааст ва обшавии барф хеле суст аст. Ҳозир тахминан 180 метри мукааб об дар сония интиқол меёбад6 ки хелен кам аст. Ҳар даҳ - понздаҳ сол чунин камобӣ такрор мешавад"

Ҳамсӯҳбати дигари мо Николай Григориевич Савченков аст. Аз 31 соли кор дар Тоҷикистон ӯ муддате кӯтоҳеро ба ҳайси муовини сарвазир ва вақти боқимондаро дар вазифаҳои масъули сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии Норак ва Роғун сарф кардааст. Соли 1992 дар авҷи муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон Савченков Тоҷикистонро тарк намуд, вале ба гуфтаи ӯ ва дӯстонаш ҳанӯз ҳам дилаш дар байни кӯҳҳои Тоҷикистон аст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Обшоронски вилояти Краснодари Русия аз Николай Григориевич Савченков хоҳиш мекунам, сабаби камбуди барқ дар Тоҷикистонро ташреҳ диҳад.

"Тоҷикистон каму беш ба по мехезад ва дар ин ҷумҳурӣ саноат рушд мекунад, сарфи назар аз идомаи камбиозатии мардум рӯзгор рӯ ба беҳбуд дорад, вале манбаи таъмини нерӯи барқ ҳамоно нерӯгоҳи Норак ва чанд нерӯгоҳи дигари хурд ба ба монанди Бойғозӣ боқӣ мондааст. Дар бист соли ахир ягон нерӯгоҳи ба қадри кофӣ нерӯманд ба кор надаромадааст. Бар илова феълан фаъолияти нершгоҳҳои тавлиди барқ ба воситаи газу мазут ночиз аст. Шояд миқдори нерӯе, ки се-чор сол пеш тавлид мешуд барои ҷумҳурӣ кофӣ буд, вале ҳозир ин миқдор кофӣ нест. Соли гузашта ман аз Тоҷикистон зиёрат кардам ва бори дигар итминон пайдо кардам, ки ҷумҳурӣи ҷуз аз тараққии соҳаи ҳидроэнергетика чизи дигаре дар ихтиёр надорад.
Хулоса, имрӯз дар Тоҷикистон тақозо ба нерӯ афзоиш меёбад, вале миқдори тавлиди нерӯи барқ дар сатҳи пештар қарор дорад. "


Шумо, ҷаноби Савченков, 13 сол раҳбарии сохтмони Роғунро бар дӯш доштед, монеаи асосии сохтмон чӣ буд? Чаро дар охирҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта суръати сохтмон суст ва баъд комилан қатъ шуд?

"Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун ҳамин ро бояд гӯям, ки агар инқилоби Горбачеву Елтсин ба амал намеомад, нерӯгоҳ ба кор медаромад. Аввалин агрегатҳои он фаъол мешуданд. Тақриъан 80 дар сади таҷҳизот ба Тоҷикистон ворид шуда буд. То соли 1990 мо ба маблағи 90 миллион рубли он вақта , ки ба доллар баробар буд, корҳоро ба сомон расонида будем. Барои фаъол шудани агрегатҳои аввал боз тақрибан 160-180 миллион рубли дигар зарур буд. Вале ҳам аз даст рафт. Ба фикрам таъхири имрӯзаи оғози кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ду сабаб дорад: яке ҳукуматҳои ду кишвар ва ба фикрам дар анвбати аввал ҳукумати Русия аҳамияти воқеии нерӯгоҳи Роғунро дарк намекунанд. Такмили сохмтон равобити Тоҷикистону Русия ва ба ин восита равобит бо тамоми ҷумҳуриҳои осиёи Марказиро таҳким мебахшад. Ду ҷониб дар баҳсҳои хурду реза таваҷҷӯҳи зиёд нишон дода, масъалаи аслиро фаромӯш карданд. Албатта кишвари хурде ба мисли Тоҷикистон дар танҳо маблағи кофӣ барои такмили чунин сохтмони бузург пайдо карда наметавонад. Дар масъалаи сарбанди об ман аз мавқеи Тоҷикистон пуштибонӣ мекунам. Дар ҳақиқат таҷрибаи Норак нишон медиҳад, ки сарбанд бояд аз хоку гил бошад, на аз бетон тавре ширкати Русал пешниҳод кардааст, ва баландии он ҳам набояд 335 метр поинтар бошад. Агар Русия он имтиёзеро, ки Тоҷикистон ба он додааст, дуруст дарк накунад, ба ин ҷумҳурӣ довталабони дигар омада метавонанд сохтмонро бидуни ширкати РУсия такмил кунанд. Мутаассифона дар гузашта дар таҷрибаи Русия чунин ҳодиса рӯй додааст. Сабаби дигар таъхир ба фикрам ин аст, ки ҷумҳурӣ трести "Тоҷикэнергострой"-ро аз даст дод. Ва имрӯз ҳеҷ кӯшише ба чашм намехӯрад, ки касе дар паи эҳёи он бошад. Яъне ҷумҳурӣ барои такмили сохтмон маҷбур мешавад аз он дигаро кумак дархост намояд. Аз Бразилия, Туркия, ва ё кадом кишваре ва ин дар ҳолест, ки ширкати нерӯманди дохилӣ ба яғмо рафт. "

Шумо дар бораи таъхири шурӯъи корҳо дар сохтмони Роғун чӣ мегӯед, Саидамир Сияҳмардов раиси сохтмони ин нерӯгоҳ:

"Баъзе мушкилиҳои аз тарафи РУсал матраҳ шуда, ғайри қобили қабул буд. Масалан, саҳмияи Русал ва Тоҷикистон дар нерӯгоҳ, поин бурдани сарбанд, аз бетон сохтани сарбанд ва тангтар кардани таҳкурсии он. Президенти Тоҷикистон аз онҳо чандин дафъа хоҳиш кард, ки корро оғоз намоянд. Онҳо овоза карданд, ки дар давоми ду сол онҳо дар Роғун 50 миллион доллар масраф кардаанд. Вале тафтиши мо нишон дод, ки кори иҷронамудаи онҳо аз дувуним миллион доллар бештар набудааст. Мунтазирем, ки тақдими 50 миллион даоллар қарзи созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон амалӣ шаваду мо худамон корро оғоз кунем".

Мӯҳтарам Саидамир Сияҳмардов,
Чӣ мушкили техникӣ дорад, пешниҳоди Русал"? Як каме тафсилот медодед.

"Тоҷикистон тибқи ҳамон нақшаҳои қаблан тасдиқ гшуда мехост баландии сарбанд 335 метр бошад. Обанбор 8,6 километр оби ба истилоҳ "муфид" дошта бошад. Он сарбанд умри нерӯгоҳи Норакро тамдид мекунад. Оби рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб серлой буда, он бояд дар обанбори Роғун нигаҳ дошта шавад. Вагарна баъди муддати кӯтоҳе обанбори Норак зери лойу гил мемонад. Агар мо тибқи нақша шаш агрегати Роғунро фаъол кунем солона 13, 3 мегаватт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад шуд."

Шумо, мӯҳтарам Савченков, вазъи феълии Роғунро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Хабар дорам, ки Шумо соли гузашта аз Тоҷикистон зиёрат карда, дар қатори Нораку корхонаи алюминий аз сохтмони Роғун ҳам боздид намуда будед?

"Қабл аз сафари Тоҷикистон фикр намекардам, ки дар он ҷо сохтмон идома дошта метавонад. Вале вақте шахсан аз сохтмон боздид намудам, фикрам тағйир ёфт. Хулоса, сохтмони Роғун дар вазъи қаноатбахш аст. Дуруст аст, ки селоб сарбанд ва дохили баъзе тоннелҳоро тахриб намудааст. Муҳим ин аст, ки тамоми роҳҳои рафтуомади нақлиёт ба сохтмон ҳифз шудааст. Ин кори ҳаштсолаи мо мебошад. Барои ба меъёри зарурӣ мутобиқ намудани вазъи роҳҳову тоннелҳо ва бинои нерӯгоҳ пули зиёд лозим намешавад. Сохтмон қобили ҳаёт аст ва дар он ҷо корҳоро ҳар чӣ зудтар шурӯъ кардан лозим аст."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG