Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғони Суғд


Хуҷанд. Додситонии Суғд мегӯяд, ки мизони ҷинояткорӣ дар байни бачаҳои ноболиғи устон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба маълумоти ин манбаъ, дар соли 2006 - и милодӣ содири беш аз 200 ҷиноят аз сӯи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба як соли пеш 45 адад зиёд мебошад. Дар ин ҷиноёт наздик ба 200 ноболиғи Суғд даст доштаанд.

Ба гуфтаи Гулнора Билолова - сарёвари додситони Суғд, бачаҳои Суғд бештар ҷиноятҳои дуздиву ғорат, таҷовуз ба номус ва куштор даст задаанд. Хонум - Билолова меафзояд : «Умуман, дар соли 2006 ба идораи милисаи Суғд дар пайи тарки худсаронаи манзили зист, бепарасториву гадоӣ ва қоунунвайронкунӣ беш аз 1000 наврас оварда, наздики 200 нафари онҳо ба қайд гирифта шуданд.»





Ин маълумотро додситонии Суғд ахиран дар ҷаласаи ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи устон, бо иштироки намояндагони мақомоти ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Суғд, баён дошт. Ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон асосан дар шаҳрҳои Суғд зиёд шудааст. Ва тавре коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, маъмулан дар хонаводаҳое, ки фарзандонро беназорат ва бетарбия гузоштаанд. Дар ингуна оилаҳо падари оила дар мардикории Русия қарор дорад, модар аз пайи кору таъмини рӯзгор сарсону овора ва фарзандон ба ҳоли худ вогузор.






Зимнан, ҳамасола тақрибан ҳафтод дар сади мардон ва теъдоде аз занон хонаводаҳои худро ба қасди мардикориву тиҷорат дар Русияву дигар кишварҳо тарк мекунанд.
Насиба Шарипова - муовини раиси ҳукумати Мастчоҳ ин вазъро заминае барои ба ҷиноят даст задани ноболиғон медонад : «Асосан ҷинояткорӣ дар оилаҳои носолим, аз ҷумла оилаҳое, ки падари хонадон ё модари хонадон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд, ба мушоҳида мерасад.»





Аз сӯи дигар, ба назари коршиносон ва таҳлилгарони Суғд, бекории саросарӣ ва маоши ҳади ақали 20 сомонӣ, ба он меоварад, ки қисмате аз падару модарон аз ӯҳдаи таъмини фарзандони худ намебароянд ва ин ҳолат низ ноболиғонро ба даст задан ба ҷиноёти дуздиву ғоратгарӣ водор мекунад. Ба назари рӯзноманигори Суғд - Абдувосит Салимзода, аз ин дидгоҳ мешавад афзудани ҷинояткорӣ аз ҷониби мактабхононро шарҳ дод. Ӯ мегӯяд, вақте ки як мактабхон мебинад, ки масалан, як ҳамсинфаш бо либосҳои қиматбаҳо ё бо гушвору овезаи тиллоӣ ба мактабхона меояд, ҳавасаш меояд, аммо азбаски вай имкони хариди чунин чизҳоро надорад, азият мекашад. Ва гоҳе роҳи расидан ба орузу ҳаваси худро дар дуздиву ғорат мебинад.






Дар ҳоли кунунӣ навҷавонони мактабхони Суғд наметавонанд бо роҳҳои қонунӣ ба худ ҷои кори мувофиқ пайдо кунанд ва дар давраи таътил ва ё баъди дарс дар чанд соат ба он машғул шаванд ва дастмузде ба даст биёранд. Вале Назокат Ёрматова - муовини раиси ҳукумати Хуҷанд, бо собиқаи чандсолаи раҳбари идораи маорифи маркази устони Суғд ба як сабаби маънавии афзудани ҷиноёт дар миёни ноболиғон ишора мекунад. Ба гуфтаи вай, дар рӯзҳои мо муносибати бераҳмона аз сӯи калонсолон ва кору заҳмати сангин дар навбати худ ноболиғонро ба сӯи аъмоли бад ва судҷӯӣ бо роҳи зоҳиран осони ҷиноӣ мебарад : «Ин гуна волидайн фақат масъалаи иқтисодӣ ва таъминоти рӯзгорро мебардоранд. Масалан, мо ҳамин хел бачаҳоро ба қайд гирифтагӣ, ки то нисфи рӯз дар мактаб дарс мехонанд, баъди нисфирӯз ба бозори «Панҷшанбе» рафта, савдо ё аробакашӣ мекунанд. Вақте аз падару модарон мепурсед, боз ҳам сабаби таъминоти иқтисодии оиларо пеш меоранд.»






Аммо Қудрат Назаров - муовини раиси идораи умури дохилаи Суғд ин даъвиро бепоя мехонад, ки танҳо фақру нодорӣ дар хонавода ноболиғонро ба роҳи аъмоли ҷиноӣ ворид мекунад. Ба гуфтаи вай, ҷинояткории ноболиғон зодаи бепарвоии ҷомеа нисбати тарбияи кӯдакон ва наврасон аст: «Ана ҳамаи мо, ана ҳамин ҷада нишастагиҳо, сабаби афзудани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ҳастем. Ман бо як мулло сӯҳбат доштам, вай гуфт, ки вақте мебинад, як наврас аробакашӣ мекугнад ё ба ягон кори вазнин машғул аст, мепурсад, ки оё ту мактаб мехонӣ? Мегӯяд, ки не, намехонам. Мулло мегӯяд, ки пас, ,биё, илми дин намехонӣ? Бинед, ки як мулло бачаро даъват мекунад. Аммо мо ҳар гуна баҳона пеш меорем, ки шароити иқтисодӣ вазнинай ва дар байни бачаҳо кор намекунем.»





Ба ақидаи оқои Назаров, яке аз иллатҳои рӯ ба афзоиш ниҳодани ҷинояткорӣ аз сӯи ноболиғон дар вилояти Суғд адами ҳамоҳангӣ миёни фаъолияти волидайн, устодони макотиб ва мақомот дар тарбияту раҳнамоии бачаҳои ноболиғ аст.
XS
SM
MD
LG