Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо Илҳом Алиев


RD

Баъд аз боздиду мулоқотҳои руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва нишасти ҳайатҳои ҳукуматии ду ҷониб дар шаҳри Душанбе як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.






Ду ҷониб дар мавриди ифтитоҳи сафорати Озарбойҷон дар Душанбе тавофуқ кардаанд.Қарордодҳои дуҷониба аз ҷумла дар заминаи ҳамкориҳои ҳамлу нақл, ҳифзи саромоягузориҳо, тиҷорат ва савдо, ҳамгунсозии таъруфаҳои гумрукӣ, низоми рафту омади бидуни раводид ва инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди анҷоми мулоқот ва имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба хабарнигорон гуфт: « мо тавассути имзои қарордодҳо зимни ин боздид заминаи хуби ҳуқуқие барои ҳамкориҳоямон фароҳам кардем. Заминаи ҳуқуқии муносиботи худро такмил кардем. Барои густариши ҳамкориҳоямон дар ҳамаи заминаҳо изҳори омодагӣ кардем, аз ҷумла дар заминаи иқтисод ва тиҷорат».





Илҳом Алиев раиси ҷумҳури Озарбойҷон низ гуфт, ширкатҳои сармоягузории Озарбойҷон метавонанд дар кашфу истихроҷи нафту гази Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ӯ гуфт тақрибан ҳамаи ширкатҳои бузурги нафткашӣ дар Озарбойҷон ҳузур дорад, ва таҷрибаи кофӣ дар ин замина ва бештар аз он восита ва захираҳои чандмиллиардии мавҷуд имкон медиҳад, ки дар барномаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон саҳм бигирем.






Аммо ба гуфтаи оқои Алиев барои иҷроӣ шудани ин барномаҳо танҳо ҳусни ният кофӣ нест, балки бояд ба ҷузъиёти ин масъала пардохт ва ҳайати коршиносонро барои омузиши масъала ва таҳияи аснод муваззаф кард.Гуфтанист, то кунун миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Озарбойҷон равобити густардаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ вуҷуд надошт. Дар тулии 16 соли охир миёни ин ду кишвар танҳо ду созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ва ба гуфтаи руасои ҷумҳурӣ як иллати кундии рушди ҳамкориҳо адами заминаи ҳуқуқии густариши ин равобит будааст.






Танҳо дар соли гузашта равобити иқтисодии ду кишвар бештар густариш пайдо кард ва ба далели ворид кардани хокаи алюминиюм ё ашёи хом барои корхонаи алюминиюми тоҷик табодули мол миёни ду кишвар то 140 миллион доллар афзоиш ёфт. Бояд гуфт, Тоҷикистон аз Озарбойҷон танҳо ҳамин ашёи хомро ворид мекунад. Ва моли содиркадаи Тоҷикистон ба Озарбойҷон низ то кунун алюминиюм будааст. Боздиди раиси ҷумҳури Озарбойҷон аз Тоҷикистон фардо ҷумъа низ идома хоҳад кард.


Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG