Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИЖТ аз таъхири нашри ҳафтаномаҳо дар Душанбе


Фарҳоди Мелод

Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон аз қатъи интиқоли барқ дар матбаъаи Шарқи Озод, ки мӯҷиби cаривақт нашр нашудани чандин ҳафтаномаи кишвар шуд, изҳори нигаронӣ кард.



Акбар Сатторов, райиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, 13 ҳафтанома натавонистаанд саривақт чоп шаванд. Оқои Сатторов гуфт, мушкил на фақат дар адами барқ аст, идораи ҳафтаномаҳо ҳатто намедонанд, ки кай барқ мешавад.




Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон гуфт, матбаъаи Шарқи Озод як иншооти стратегӣ аст ва қатъ шудани барқ оқибатҳои ногувор ба амнияти иттилоотии кишвар дорад. Аксари ҳафтаномаҳои Тоҷикистон маьмулан рӯзи чоршанбе ва субҳи панҷшанбе дар матбаъаи Шарқи Озод нашр мешаванд.





Тайи ин муддат ба матбааи Шарқи Озод танҳо ду соат барқ дода шуд, ки фақат нашрияҳои ҳукуматӣ ва чанд ҳафтаномаи мустақили дигар тавонистанд аз чоп бароянд. Дар ҳамин ҳол, Рустам Абдураҳимов, сарвари шӯъбаи равобити байнулмилалии «Барқи тоҷик» гуфт, як садама дар хатти асосии барқ вуҷуд дошт ва ҳоло бартараф шудааст. Аммо ба қавли шоҳидон дар биноҳои зист ва нуқтаи бензинфурӯшие, ки дар муқобили матбаъаи Шарқи Озод вуҷуд дорад, тайи ин муддат барқ будааст.




Интиқоли барқ ба матбаъаи Шарқи Озод баъди соати 12 шурӯъ шуд. Акбар Сатторов, райиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон гуфт, акнун паҳн кардани ҳафтаномаҳо ба дӯши идораи онҳо меафтад, зеро паҳнкунандагони матбуоти чопӣ ба матбаъаи Шарқи Озод танҳо субҳ меоянд.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG