Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсишномае,ки пурсишҳоро бa бор овардааст...


Масъулини Иттиҳоди оппозисиюни пешини тоҷик аз вуҷуди монеа дар роҳи истихдоми афрод ба вазоифи давлатӣ дар заминаи муқовиматҳои мусаллаҳонаи солҳои 1992-1997 изҳори нигаронӣ мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аҳзоби умдаи оппозисиюни пешини тоҷик дар як нишаст нусхаи анкета ё пурсишномаеро ба ҳозирин нишон дод, ки дар банди таҳти рақами чаҳордаҳи он матлаби пурсишии боло зикр ёфтааст.






Ба эътиқоди оқои Кабирӣ ин пурсишнома хилофи шартҳои Созишномаи умумии сулҳи ба имзорасида дар соли 1997 миёни тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, даҳҳо ҳазор аз аҳолии кишварро ҳамеша дар ҳолати изтироб ва нобоварӣ нигаҳ медорад. Раиси ҲНИТ аз он ки ин пурсишнома дар кадом ниҳод ва муассисаи давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад, изҳори беиттилоъӣ кард. Ин ҳам дар ҳолест,ки мавҷудияти чунин суол ва пурсишнома барои афроди корҷӯро дар бархе аз ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла дар вазорати умури дохила ва Оҷонси тозатаъсиси назорати молиявӣ ва мубозиа бо фасод рад карданд.







Алимурод Маҳмадалиев -муовини раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид кард,ки ҳар нафари корҷӯ дар бораи собиқаи кори худ ва низ тарҷумаи ҳолаш маълумоти мухтасар пешниҳод мекунад, аммо дар ягон ҳолат ва дар ягон санад чунин суол матраҳ нашудааст. Дар ҳамин ҳол Амнияти Абдулназар- муовини раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз аҳзоби дигари мухолифи давлат гуфт худи ӯ шахсан бо чунин пурсиш рӯбарӯ шуда ва ба маҳзи мавҷудияти чунин суол аз кор дар муассисае, ки мехост фаъолият кунад ,сарфи назар кардааст.






Ба ақидаи Шодӣ Шабдолов-раиси Ҳизби камунисти Тоҷикистон матраҳ кардани чунин суол хилофи Қонуни асосӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи шаҳрвандон ба кор аст. Ӯ гуфт мақомот бояд мубтакирони чунин пурсишномаҳоро ошкор ва муҷозот кунанд.Муҳиддин Кабирӣ -раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумони кишвар гуфт умедвор аст,ки мақомоти кишвар дар мавриди ин суол,ки боиси нигаронии қисмате аз ҷомиаи Тоҷикистон шудааст,вокуниш нишон хоҳанд дод. Вале дар сурати ғайр ӯ ба ҳайси вакили порлумон ногузир хоҳад буд ин масъаларо ба баррасии Маҷлиси намояндагон бикашад.
XS
SM
MD
LG