Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти "Регар" ТадАЗ аз Туркия


Тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рӯзи панҷшанбеи 15 март аз шаҳри Анталияи Туркия баргашт.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон тӯли ду ҳафта дар ин ҷо тамрин карда, ҳамзамон чаҳор бозии дӯстона анҷом дод. «Регар» ТадАЗ бар тими «Терек»-и Грознийи Русия бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуда, бозиро бо дастаи «МИТ»-барандаи ҷоми Арманистон бо натиҷаи 3 бар 3 мусовӣ кард ва аз тими «Кримтеплитса»-и Симферополи Укроин бо натиҷаи 0 бар 1 ва дастаи «Пивник» -- қаҳрамони футболи Арманистон бо натиҷаи 1 бар 4 мағлуб гашт.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозиҳо барои мо як давраи омодагии даста ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ва Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё маҳсуб мешуданд."

Ва як хабари дигар. Икром Илҳомзода, хонандаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи мусобиқаи шоҳмоти босуръат гардид.

Ин мусобиқа дар толори мактаби шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон тӯли се рӯз идома кард. Сабқати шатранҷбозони ҷавон мувофиқи синну солашон дар панҷ гурӯҳ сурат гирифт.

Хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе - Мутрибаи Илҳом ва Азиза Саидшарофова миёни даҳсолаҳо, Сарвиноз Каримова ва Шодмон Мирзоев байни дувоздаҳсолаҳо, Сокина Азаматова ва Баракатуллоҳ Давлатов миёни чаҳордаҳсолаҳо ғолиб омаданд.

Дар сабқати наврасони то 16-сола Марворид Насриддинова ва Абубакри Абдураҳим мақоми аввалро касб карданд. Икром Илҳомзода дар байни ҷавонони то 20-сола бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, бо 11 имтиёз соҳиби ҷойи аввал гирдид. Надежда Антонова, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар сабқати духтарони то 20-сола бо 9 имтиёз аз 11 бозӣ ҷоизаи аввалро ба даст овард. Вай, ҳамчунин дар рақобатҳо барои дарёфти унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқа баъди Икром Илҳомзода дар мақоми дувум қарор гирифт.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG