Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми маркази Душанбе аз раиси ҷумҳур дод мехоҳанд


Дар ин нома, ки зери он ҳудуди панҷсад нафар аз сокинони ба истилоҳ ҳалқаи аввали нақшаи бозсозии Душанбе имзо гузоштаанд, гуфта мешавад, шаҳрдории пойтахт бо маслиҳати бархе аз гурӯҳҳои сармоядор мехоҳад, сокинони маҳаллоти марказиро аз хонаҳояшон ба гуфтаи онҳо ғайри қонунӣ берун ва хонаҳои онҳоро вайрон кунад.

Ин сокинон гуфтанд, ки хонаҳои худро дар пойтахт, ки акнун бар асоси нақшаи генералии шаҳр бояд тахриб ва худи онҳо кӯч дода шаванд, дар солҳои 1945 бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон бунёд карданд ва иҷоза нахоҳанд дод, ки хонаҳояшон тахриб шавад. Онҳо гуфтаанд, ки аслан бознишаста ва устодони донишгоҳ ва мадорис ва қишри зиёӣ ҳастанд ва имкони дубора ва дар ҷои дигар сохтани манзили маскуниро надоранд.

Дар ин нома ба унвони раиси ҷумҳур омадааст, ки ҳукумати Шӯравӣ шаҳрҳои таърихии Бухоро ва Самарқанд ва Хиваро тахриб накард ва сохтмони нави ин шаҳрҳоро дар ҳумаи онҳо идома дод ва бигузор Душанбе, чун ёдмоне аз аҳди Шӯравӣ, таъкид шудааст дар ин нома, ба сурати худ боқӣ бимонад.

Ин сокинон аз раиси ҷумҳур суол кардаанд, ки чаро тарҳи генералии соли 1983 ро дубора амалӣ мешавад, дар ҳоле, ки мардуми зиёд барои сохтмонҳои худ дар ин маҳал масрафи зиёде кардаанд? Ва чаро дар ҳоле, ки барои сохтмони манзилҳои маскунии нав дар маркази шаҳр давлат сармояи кофӣ надорад ва ё сармоягузорони хориҷиро ҷалб накардааст, даст ба тахриби манозили сокинон мезанад.

Масъалаи кӯчонидани сокинони маркази пойтахти Тоҷикистон ба далели ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ бунёди манзилҳои умумӣ ва муосир аз як сол ба ин ҷониб ба мавзӯъи баҳсангез дар ҷомеаи кишвар табдил шудааст. То кунун бисёре аз ин сокинон ба маҳаллоти дигари шаҳр кӯч дода шудаанд, ки мегӯянд, хонаҳое, ки бар ивази хонаҳои қаблиашон дарёфт кардданд, аз назари шароит ва қиммат арзиши камтаре доранд.
XS
SM
MD
LG